Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 4-уму 5-уми май бозиҳои даври шашуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 4-уми май дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд, бо 16 имтиёз мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқот мустаҳкам кард.

Дар ин бозӣ нахуст меҳмонон ҳисобро боз намуданд. Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари “Вахш”, дар дақиқаи 17-ум аз масофаи дур бо зарбаи сахт тӯбро ба тӯри дарвоза зад.

Юсуф Рабиев, капитани “Истиқлол”, дар дақиқаи 35-ум ҳисобро баробар кард. Ду голи дигарро Маҳмадалӣ Содиқов, ҳамлагари “Истиқлол”, дар нимаи дуввуми бозӣ, дар дақиқаҳои 72-юм ва 78-ум, ба самар расонд.

Дастаи ”Энергетик”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”)-и пойтахт аз тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голи якумро легионер Денис Сенчук дар дақиқаи 14-ум ба ҳадаф расонд. Арийе Элайҷо, легионери ”Энергетик”, дар дақиқаи 90-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш зад.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ, варзишгоҳи “Металлург”, ба тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дар ин бозӣ аввал бозигари “Парвоз” Манучеҳр Аҳмадов тӯбро ба дарвозаи дастааш ворид кард. Нодир Мамиров, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 15-ум ҳисобро баробар намуд. Ду голи дигари “Регар-ТадАЗ”-ро Баҳодур Шарифов ва Раҳматулло Фузайлов дар нимаи дуввуми дидор заданд.

Ду бозии дигари даври шашум бегоҳи 5-уми май баргузор шуд. Дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода аз тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голро Фаридун Рустамов дар дақиқаи 28-ум зад.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор” тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб сохт. Дар ин бозӣ Комил Саидов, ҳамлагари ССКА “Помир”, се гол ба самар расонд ва ин аввалин хет-трик дар мусобиқаи имсола мебошад. Ӯ имкон дошт, ки боз як гол занад, вале тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонда натавонист. Ду голи “Гвардия”-ро Абдурасул Раҳмонов зад.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат аз бозии даври 6-ум озод буд. Зимнан, Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари “Хайр» ва Комил Саидов (ССКА “Помир”) дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа бо 5-голӣ дар ҷои аввал мебошанд. Габриэл Донто (“Энергетик”) 4 гол задааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Дастаҳо:

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. "Истиқлол"

6

5

1

0

13-1

16

2. "Хайр"

5

4

1

0

9-1

13

3. "Равшан"

6

4

1

1

10-4

13

4. ССКА “Помир”

5

4

0

1

12-6

12

5. “Регар-ТадАЗ”

5

3

0

2

13-8

9

6. "Энергетик"

5

2

1

2

8-8

7

7. "Хуҷанд"

6

2

1

3

5-10

7

8. "Гвардия"

5

1

1

3

4-11

4

9. "Вахш"

5

1

0

4

6-8

3

10. "Шодмон"

6

1

0

5

8-13

3

11. "Парвоз"

6

0

0

6

2-20

0


Даври 7-ум

9-уми май (душанбе)
«Гвардия» - «Хуҷанд»
«Равшан» - «Регар-ТадАЗ»
«Вахш» - «Энергетик»

11-уми май (чоршанбе)
«Хайр» - «Шодмон»

Оғози бозиҳо – соати 17.00..

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, бозии даври 8-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Хайр” ва “Истиқлол”, ки мувофиқи тақвими бозиҳо мебоист 7-уми май дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешуд, ба иллати сафари дастаи қаҳрамони Тоҷикистон ба Мянмар барои ширкат дар сабқати гурӯҳӣ ба мӯҳлати дертар мононда шуд.

Истиқлол” бозиҳои даврҳои баъдиро пас аз сафари Мянмар анҷом хоҳад дод. Зимнан, қаҳрамони Тоҷикистон аз 13-ум то 17-уми май дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон дар Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё дар гурӯҳи “В” се бозӣ хоҳад кард.

Нахуст “Истиқлол” 13-уми май бо тими “Ҷабал-ал-Мукабир”-и Фаластин, 15-уми май бо тими “Йидзин”-и Бутан ва 17-уми май бо тими мизбон - “Яданарбон”-и Мянмар, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC, вориди рақобат мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG