Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, аз оштии байни ҷиноҳҳои фаластинии Фатҳ ва Ҳамос интиқод карда, онро “зарбаи шадиде” ба имконияти сулҳи байни Исроил ва фаластиниҳо номид. Вай гуфт, Фатҳ бояд аз ду бо яке сари кор дошта бошад – бо Ҳамос ё бо Исроил. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки раҳбари маъмурияти худгардони Фаластиин, Маҳмуд Аббос ва пешвои ҷунбиши Ҳамос, Холид Машъал дар маросиме дар Қоҳира, пойтахти Миср, оштии байни ҷиноҳҳои Фатҳ ва Ҳамосро баъд аз чаҳор соли душманиҳо расман тасдиқ карданд. Исроил аз ин созиш интиқод кард. Ҳампаймони Исроил, Иёлоти Муттаҳида, аз ҷиноҳҳои фаластинӣ хост, оштии худро тавре амалӣ кунанд, ки эҳтимли сулҳро тақвият диҳад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида Ҳамосро расман шомили феҳрасти созмонҳои террористӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG