Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ҳабси 10-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико


Як шаҳрванди Тоҷикистон дар аёлати Пенсилванияи Иёлоти Муттаҳида ба ташкили издивоҷи қалбакӣ барои ба даст овардани шаҳрвандии Амрико айбдор шудааст. Додситонии Пенсилвания мегӯяд, Мирзоҷон Мирзоматови 26-сола, ки дар шаҳраки Мун зиндагӣ мекардааст, аз роҳи тақаллуб бо шаҳрванди Амрико издивоҷ кард, то ҳаққи иқомати доимӣ дар Амрикоро пайдо кунад. Дар ҳоли исботи ин иттиҳом ба Мирзоматов 10 соли зиндон ё 500 000 доллар ҷарима ва ё ҳарду ҷазо таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG