Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз нашри аксҳои Усома бин Лодин худдорӣ кард


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳур Барак Обама тасмим гирифт, аксҳоеро, ки аз Усома бин Лодин баъди қатли ӯ аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида бардошта шудаанд, мунташир накунад. Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Обама пас аз машварат бо дастаи сарварони амнияти миллӣ ба натиҷае расидааст, ки ин тасвирҳо метавонанд, барои ангехтани хушунатҳои зиддиамрикоӣ ва бо аҳдофи таблиғотӣ истифода шаванд. Аммо коршиносон гуфтаанд, расонаҳои ахбори оми Амрико метавонанд, бино бар қонуни озодии иттилоъ аз идораҳоии давлатӣ нусхаи ин тасвирҳоро талаб кунанд ва даст оваранд. Баҳс дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки Додситони кулли Иёлоти Муттаҳида Эрик Ҳолдер қатли бин Лодинро ҳамчун як амали худдифоии миллӣ қонунӣ шумурдааст.
XS
SM
MD
LG