Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи СММ аз таҳқиқи хушунатҳои қавмии Қирғизистон


Кумиссионери олии ҳуқуқи башари Созмони Милал аз интишори гузориши ҳайати махсуси таҳқиқи даргириҳои қавмии соли гузашта дар ҷануби Қирғизистон истиқбол кард. Навӣ Пиллей аз мақомоти қирғиз даъват кард, бидуни таъхир ба иҷрои тавсияҳои ҳайати пажӯҳишгар пардозанд. Вай ҳамчунин аз раисиҷумҳури Қирғизистон, Роза Отунбоева, барои ташаббусаш дар баргузории ин пажӯҳиш ситоиш кард. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар хушунатҳои байни қирғизҳо ва узбакҳо дар вилоятҳои Уш ва Ҷалолободи Қирғизистон 470 нафар кушта, 1900 нафар захмӣ ва 400 000 нафар гуреза шуданд. Теъдоди номаълуми занон дастизӯрӣ шуда, садҳо манзил ба коми оташ рафт. Бино бар гузориш, аксарияти қурбониҳо намояндагони миллати узбак буданд, аммо қирғизҳо ҳам талафоти зиёд доданд.
XS
SM
MD
LG