Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуд Аббос оштӣ бо Ҳамосро "баргаштнопазир" номид


Раҳбари маъмурияти худгардони Фаластиин, Маҳмуд Аббос ва пешвои ҷунбиши Ҳамос, Холид Машъал дар маросиме дар Қоҳира, пойтахти Миср, оштии байни ҷиноҳҳои Фатҳ ва Ҳамосро баъд аз чаҳор соли душманиҳо расман тасдиқ карданд. Аббос гуфт, ҳарду ҷиноҳи асосии фаластиниҳо тасмим гирифтаанд, сафҳаи сиёҳи муносибатҳои худро абадан пӯшонанд. Фатҳ ва Ҳамос замоне вориди хусумати шадид шуданд, ки Ҳамос дар соли 2007 назорати Навори Ғаззаро ба даст гирифт. Оштии тарафҳо дар ҳафтаи гузашта бо миёнаравии Миср ва нақшаи таъсиси ҳукумати эътилофӣ дар ростои интихоботи нав имконпазир гашт. Исроил аз ин созиш интиқод кард. Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, гуфт, Фатҳ бояд аз ду бо яке сари кор дошта бошад – бо Ҳамос ё бо Исроил.
XS
SM
MD
LG