Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз мавзегирии худ дифоъ кард


Сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ мегӯяд, хадамоти ҷосусии саросари ҷаҳон, ба ҷумлаи Иёлоти Муттаҳида масъули нокомӣ дар пайгарди Усома бин Лодин ва муайян кардани паногоҳи ӯянд. Ин изҳороти Гелонӣ дар ҷараёни сафари ӯ ба Порис ва дар авҷи танишҳои байни кишвараш ва Иёлоти Муттаҳида садо дод. Вошингтон шубҳа дорад, ки бин Лодин тавониста бошад, бидуни кӯмак солҳо дар ин кишвар паноҳ ёбад. Ҳамзамон, Дабири кулли НАТО, Фоғ Расмуссен эълон кард, ки НАТО дар ҷанги зидди терроризм дар канори Покистон қарор хоҳад дошт. Вай нақши Покистонро дар Афғонистони ҳамсояи он ҳалкунанда номид.
XS
SM
MD
LG