Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоеаҳои паси достони марги Усома бин Лодин


Ҳарчанд мақомоти Вашингтон мегӯянд, марги бин Лодин ҷои шубҳа надорад, аммо пахш нашудани шаҳодати қотеъ аз ҳалокати марде, ки солҳо шикораш мекарданд ва чеҳрааш ба ҳама ошност, нобоварӣ ва тавтеъаҳоро дар атрофи ҳалокати ӯ афзун кардааст.

Ҳоло Вашингтон дар вазъияти бисёр душвор қарор гирифтааст, ки чӣ гуна нобоварҳоро ба марги террористи рақами аввал мутақоид кунад.
Ӯ дар хатти аввали феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯи артиши Покистон қарор дошт, баъд чӣ тавр ӯ метавонист дар ин минтақа, махсусан шаҳри Билол, пинҳон шавад, ки дар ҳамсоягии Академияи низомии Покистон аст?


Иштирокдорони баҳс дар сомонаи "Озодӣ" ҳам дар заминаи кушта шудани бин Лодин як дунё ҳадсу гумон задаанд, ки аксари онҳо ҳақиқат будани марги раҳбари "Ал-Қоида"-ро зери суол мебаранд.

Вале гумону нобоварӣ ва тавтеъа аз ҳама бештар дар Аббатободи Покистон, макони амалиёти муваффақи нерӯҳои Амрико дар нобуд кардани Усома бин Лодин мушоҳида мешавад. Сокинони ин минтақаи бисёр орому осоишта, ки дар қисмати шимоли Исломобод воқеъ шудааст, ба достони Вашингтон эътимод надоранд.

"МАРДУМ БОВАР НАДОРАНД"

Хабарнигори радиои "Озодӣ" дар Аббатобод, Алӣ Шоҳ, сабаби ин беэътимодиро ин гуна шарҳ медиҳад: "Се рӯз мешавад, ки ин ҷо ҳастам, аз рӯзе, ки Усома бин Лодин дар Абботобод кушта шуд. Ман бо беш аз 100 нафар сӯҳбат кардам ва бахши аъзами онҳо мегуфтанд, наметавонанд ба ин содагӣ бовар кунанд, ки Усома дар ин ҷо кушта шудааст. Вақте аз онҳо мепурсед, ки чаро бовар надоранд, онҳо мегӯянд Аббатобод маркази низомиёни Покистон аст ва чӣ гуна ӯ метавонист дар ин ҷо паноҳ бубарад? Ӯ дар хатти аввали феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯи артиши Покистон қарор дошт, баъд чӣ тавр ӯ метавонист дар ин минтақа, махсусан шаҳри Билол, пинҳон шавад, ки дар ҳамсоягии Академияи низомии Покистон аст?"

Алӣ Шоҳ изофа кард, ки мардум мегӯяд "агар аскарони амрикоӣ Усома бин Лодинро кушта бошанд, пас чаро тасвиру аксҳо пешниҳод намешаванд? Мо ниёз ба исбот дорем." "Аксари онҳо таҳаввулоти ахирро тавтеъа дар атрофи Аббатобод арзёбӣ мекунанд, ки дар гузашта яке аз шаҳрҳои осоишта буд",-мегӯяд хабарнигори мо дар Аббатобод, Шоҳ Алӣ.

Дар ҳоли набудани тасвирҳо тавтеъаву овозаҳо рӯз то рӯз бештар мешаванд. Баъзе аз бошандагони ин минтақа мегӯянд, ки ин таҳаввулот, аз юриш то дар баҳр гӯронидани бин Лодин саҳнасозие беш нест. Онҳе суол мегузоранд, ки чаро амрикоиҳо, бо аҷала аз ҷасади бин Лодин халос шуданд, дар ҳоле ки бо ин ҳама сахтӣ ӯро ба даст оварданд? Онҳо чиро пинҳон мекунанд?

"ДОСТОНИ БОФТАВУ СОХТА"

Баъзе сокинони дигар дар тавтеъасозӣ фаротар мераванд. Муфтӣ Кифоятуллоҳ, узви маҷлиси маҳалии вилояти Хайбар - Пахтунхуа ба радиои "Озодӣ" гуфт, ба эътиқоди ӯ Усома бин Лодин дар ҷойи дигар кушта шуда ва баъдан ҷасадаш бо ҳадафҳои печидае ба Аббатобод интиқол ёфтааст.

"Тамоми достон сохтаву бофтааст. Ӯро дар ҷои дигар кушта сипас ба маҳалли осоиштаи Аббатобод овардаанд, яъне эҳтимол дорад ҳавопаймоҳои бесарнишини Иёлоти Муттаҳида ин маҳаллро мавриди ҳуҷум қарор диҳанд. Бовар намекунам, ки амалиёт аз ибтидо дар Абботобод анҷом шуда бошад. Артиши Покистон бо фишори Амрико ӯро дар ҷои дигар боздошт кардаст ва бо ташкили як амалиёти бофта аз шаҳодати ӯ гузориш додааст",-афзуд ӯ.

Мавҷи тавтеъаҳо, ки ба таври густурда дар телевизиони Покистон баҳс мешаванд, мақомоти Амрико, ки марги бин Лодинро як пешрафти муассири ҷанг бо терроризм унвон кардаанд, дар мавқеияти дифоъ қарор додааст. Фиристодаи Амрико дар минтақа Марк Гроссман пас аз мулоқот бо мақомоти Покистону Афғонистон дар Исломобод ба матбуоти маҳаллӣ гуфт, "Шумо ҳар қадар дилатон мехоҳад, тавтеъа кунед. Ӯ мурда аст. Ин хабари хуб аст."

ТАСВИРҲО БА НАМОИШ ГУЗОШТА МЕШАВАНД?

Мақомоти Вашингтон мегӯянд, дар заминаи собит кардани марги бин Лодин ҳам аз мадраки қонунӣ ва шиносоии чеҳраи ӯ бархӯрдор ҳастанд. Мақомот ҳанӯз рӯзи душанбе хабар доданд, ки намунаҳои гирифта шуда аз бадани бин Лодин ҳуввияти ӯро собит кардаанд ва чеҳраи ӯ низ аз тарафи мутахассисон шиносоӣ шудааст.

Аз сӯи дигар то ҳол Вашингтон дар пахши мадорики мавҷуда истихора кардааст. Ин истихора ба эҳтимоли қавӣ аз баҳсҳои доғи Вашингтон маншаъ мегиранд, ки оё тасвирҳоро ба маърази тамошо бигзоранд ё хайр.

Ҷонибдорони пахши аксҳо, аз ҷумла раҳбари хадамоти истихбороти Амрико Леон Паннета пахши тасвирҳоро зарур мешуморад. Аммо интиқодгарони намоиши ҷасади бин Лодин мегӯянд, ин амал метавонад мусулмонҳоро тавҳин кунад ва тундгароиро афзоиш бидиҳад.
XS
SM
MD
LG