Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳии як мухолифи ҳукумати Озарбойҷон


Як тан аз мухолифини озарӣ, ки тавассути Facebook аз эътирозҳои зиддиҳукуматӣ пуштибонӣ мекард, аз сӯи додгоҳи шаҳри Сумгаит бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигаҳ доштани маводи мухадир ба дуву ним соли зиндон маҳкум шуд.

Ба иттилоъи бахши озарии Радиои Озодӣ, Ҷаббор Севаланлӣ, узви як ҳизби мухолифи ҳукумат, моҳи феврал замоне боздошт шуд, ки бо худ 0.17 грамм маводи мухадир дошт. Боздошт баъд аз ширкати ӯ дар ҳамоиши зиддиҳукуматии “Рӯзи ғазаб” дар Озарбойҷон сурат гирифт.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳадс мезананд, ки маводи мухаддирро кормандони полис ба кисаи ӯ андохтаанд.

Ҷаббор Севаланлӣ то боздошташ дар саҳифаҳои торнамои Facebook ҳукуматро танқид мекард.
XS
SM
MD
LG