Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲАМОС ва "Фатҳ" дар Қоҳира оштӣ карданд


Маҳмуд Аббос ва Холид Машъал дар Қоҳира

Маҳмуд Аббос ва Холид Машъал дар Қоҳира

Имрӯз дар шаҳри Қоҳира маросими оштӣ миёни гурӯҳҳои фаластинии ҲАМОС ва Фатҳ баргузор шуд. То имрӯз яке аз ин гурӯҳҳо навори Ғазза ва дигарӣ – Каронаи бохтарии руди Урдунро таҳти назорат доранд.

Созиш дар бораи оштӣ миёни гурӯҳҳои фаластинӣ ҳафтаи гузашта бо миёнҷигарии Миср ҳосил шуда буд.

Дар маросими оштӣ раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва сарвари ҲАМОС Холид Машъал ширкат доштанд.

Холид Машъал дар маросими оштӣ, аз ҷумла, гуфт, ки ҳадафи ҳарду гурӯҳ ташкили давлати мустақили Фаластин дар Каронаи Бохтарии руди Урдун ва Навори Ғазза бо пойтахташ шаҳри Байтулмуқаддас аст. Ӯ афзуд, ки ягон сантиметр замини Байтулмуқаддасро ба яҳудиҳо нахоҳанд дод ва ҳамчунин аз ҳаққи баргардонидани паноҳандагони фаластинӣ даст намебардоранд.

Исмоил Радвон, намояндаи ҲАМОС, дар робита ба оштии гурӯҳҳо гуфт, "мо аз бародарони худ аз ҷунбиши "Фатҳ" даъват мекунем, ки бар пояи созиши имзошуда озодии комили баёнро дар Каронаи Бохтарии руди Урдун таъмин кунанд. Мо мехоҳем, ки сокинони Каронаи Бохтарӣ ҳам ба тамошои шабакаи телевизионии “Ал-Ақсо” дастрасӣ дошта бошанд".

ҲАМОС ва "Фатҳ" чаҳор соли ахир, баъди таҳти назорати ҲАМОС гузаштани навори Ғазза дар ҳоли мухолифат қарор доштанд.

Исроил ҳузури намояндагони ҲАМОС дар ҳукумати нави Фаластинро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG