Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони "Нотабене" мегӯяд, аз 2000 нафари пурсидашуда дар Тоҷикистон, 61 дарсади онҳо зидди ҳукми қатланд.

Аммо ҳукумат дар ҳамин ҳол мегӯяд, ҷомеъаи Тоҷикистон ҳоли ҳозир барои пурра аз миён бурдани ҳукми қатл омода нест.

Феълан беш аз 90 кишвари ҷаҳон ҳукми қатлро манъ кардаанд. Бештар аз 40 кишвари дигар онро дар ҳолатҳои истисноӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Кумиссиюни Аврупо хабар медиҳад, ки дар 58 кишвари ҷаҳон ҳукми қатл то ҳанӯз ҷорист.

Дар Тоҷикистон тибқи моддаи 59-и Кодекси ҷиноии кишвар, ҷазои қатл ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои хеле вазнин муқаррар карда мешавад. Чунин ҳукм ба занҳои ҳомиладор ва ноболиғони то 18-сола таъин карда намешавад. Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин аст ба ҳабси абад иваз карда шавад. Феълан Тоҷикистон барои ин намуди ҷазо моратория эълон кардааст.

Дар масъалаи татбиқ ва ё бекор кардани ҳукми қатл дар ҷомеа фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Муқобилони аз миён бурдани ҳукми қатл бар ин назаранд, ки ҳар нафаре, ки куштор даст зад, бояд бо қиммати зиндагияш гуноҳашро ҷуброн кунад.

Вале гурӯҳи дигар бо тарафдории аз байн бурдани ҷазои қатл мегӯянд, ки истифодаи чунин ҷазо барои коҳиши ҷиноятҳои вазнин мусоидат намекунад. Зеро дар аксари мавридҳо чунин ҷиноятҳо дар ҳолатҳое содир мешаванд, ки ҷинояткор дар ҳолати фишори сахти равонӣ қарор дошта имкони андешидани оқибати амали худро надорад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки истифодабарии ин ҳукм ба шаҳрвандон баръакс сангдиливу бераҳмиро меомӯзад:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG