Пайвандҳои дастрасӣ

Аз сӯи ИМА зери суол бурдани солҳо дар Покистон паноҳ ёфтани бин Лодин, мояи танишҳо байни ду кишвар шудааст.

Асосгузор ва раҳбари шабакаи Ал-Қоида ахиран дар як амалиёти нирӯҳои вижаи Амрико дар Абботободи Покистон кушта шуд. Аммо тавре ба назар мерасад, ин қазия акнун метавонад рӯи равобити Амрико ва Покистон, як муттаҳиди аслии Ғарб дар ҷанг алайҳи террор арзёбӣ мешуд, сояи бештар биафканад.

УСОМА ДАР ЗЕРИ "БИНИ"-И АРТИШИ ПОКИСТОН?

Мақомоти Амрико бо кушта шудани Усома Бен Лоден акнун ин суолро матраҳ мекунанд, ки ин нафари рақами аввал дар феҳрасти афроди таҳти пайгарди дунё чигуна тавонистааст тайи шояд на камтар аз 5 сол дар ҳошияи Академияи низомии Покистон дар Абботобод бароҳатӣ ва бидуни кадом
Маҳали будубоши Усома бин Лодин дар шаҳри Аббатободи Покистон
бим паноҳ барад. Раҳбари шабакаи Ал-Қоида, қарори маълум, рӯзи 2-юми май дар ҷараёни ҳамлаи нирӯҳои вижаи Амрико ба манзили ӯ дар Абботобод кушта шуд.

Ҷон Бренан, раҳбари бахши мубориза бо терроризми Кохи Сафед дар мусоҳиба бо шабакаи радиоии NPR гуфт, суолбарангез аст, ки мақомоти Покистон аз “чандин сол” дар як манзили бузург дар зери бинии онҳо ба сар бурдани бин Лодин бехабар монда бошанд: "Ман фикр мекунам, ҳанӯз набояд ин нуктаро, ки бархе афрод дар дохили Покистон, бо шумули нухбагони расмии ин кишвар метавонистанд аз ин ҳама огоҳ бошанд, аз эътибор соқит кард. Вале мо дар ҳоли ҳозир касеро айбдор намекунем, балки мехоҳем итминон дошта бошем, ки ин қазияро боз хоҳем кард.”

Леон Панетта, раҳбари CIA, Ожонси марказии иктишофии Амрико, ба маҷаллаи "Time" гуфтааст, аз тарси ин, ки мабодо мақомоти покистонӣ ҷониби ҳадафро дар ҷараён гузошта, амалиётро ба нокомӣ мувоҷеҳ кунанд, Исломобод аз рафти омодагиҳо ба амалиёти зидди бин Лодин дар ҷараён гузошта намешуд. Ин суханони Панетта низ аз вуҷуди сӯъиэътимод байни
Вошингтону Исломобод дарак медиҳад.

Мақомоти аршади Покистон қатли бин Лодинро истиқбол карданд, вале сарусадоҳо дар мавриди бесалоҳиятии мақомоти амниятии худро, ки дар амри таъқибу боздошти раҳбари Ал-Қоида ва тадқиқи паноҳгоҳи ӯ ноком шудаанд, радд мекунанд.

ПОКИСТОН РАДД МЕКУНАД

Дабири вазорати хориҷаи Покистон Салмон Башир рӯзи чоршанбе дар гуфтугӯе бо BBC гуфтаҳои Панеттаро “ташвишзо” номид ва гуфт, Покистон дар набард бо террор “нақши калидӣ” бозӣ мекунад. Ин изҳороти Башир дар тақвият ба баёнияи вазорати хориҷаи Покистон аст, ки мегӯяд, CIA дар амри ташхис ва ба даст овардани бин Лодин аз иттилооти иктишофии ироакардаи Покистон истифода бурдааст. Ин вазорат ҳамчунин аз амалиёти Амрико изҳори “нигаронии амиқ” ҳам карда ва гуфтааст, “иқдомоти якҷонибаи ғайримуҷоз” наметавонад ба як меъёр табдил ёбад.

Қаблан раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар матлабе дар рӯзномаи амрикоии "Washington Post" сарусадоҳои бархоста дар Амрико дар мавриди эҳтимоли ҳимояти Исломобод аз террористҳои таҳти пайгардро “бебунёд” номида, радд карда буд.

Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ низ рӯзи чоршанбе дар Порис гуфт, Исломобод иттилооти иктишофиашро бо соири ҷаҳон, аз ҷумла бо Амрико, дар миён мегузорад. Гелонӣ зимнан бо даъват ба “пуштибонии соири ҷаҳон” аз талошҳои давлаташ гуфт, “масоили амният ва ҷанг алайҳи ифротгароӣ ё терроризм масъулияти танҳо як кишвар нест.”

ТАНҲО АМРИКО НИГАРОН НЕСТ...

Вале танҳо Амрико нест, ки ба ин қадар сол дар дохили Покистон аз ҳалқаи таъқиб дар амон мондани Усома бин Лодин шакк меорад. Вазири хориҷаи Фаронса Ален Жюппе гуфт, “номаълум мондани ҳузури шахсияте чун бин Лодин дар қароргоҳи бузурге дар як шаҳри хурд” барояш боварнокарданист.

Сарвазири Бритониё Девид Камерон аз раҳбарони Покистон тақозо кард, чигуна дар Абботобод дар як шароити амн паноҳ ёфтани раҳбари Ал-Қоидаро ташреҳ кунанд. Вале Камерон гуфт, “шикофи бузург” бар сари ин масъала бо Исломобод ба фоидаи Лондон нест.

Марк Тонер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико низ ба ҳамин назар аст: "Амалиёти рӯзи якшанбе аз чандин лиҳоз натиҷаи бархе аз чунин ҳамкориҳо дар тӯли солиён буд. Мо мӯътақидем, ки идомаи ин ҳамкориҳо танҳо ба суди манофеъи баландмуддати Покистон нест, балки ба сӯди манофеъи амнияти миллии мо низ ҳаст.”

Бо ин ҳол, Кохи Сафед бархе ҷузъиёти амалиёт алайҳи бин Лодинро нашр кард, ки бо фарзияи қаблан эълонкардаи мақомоти Амрико каме муноқиз аст.
Кохи Сафед мегӯяд, раҳбари Ал-Қоида вақте аз таслим шудан даст кашид ва
Усома бин Лодин ва муовини ӯ Айман Завоҳирӣ
аз сараш тир хӯрда, кушта шуд, мусаллаҳ набуд. Ин дар ҳолест, ки қаблан як мақоми амниятии Амрико гуфта буд, ки бин Лодин бо нирӯҳои вижаи Амрико вориди даргирӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар амалиёт ду қосид ва як зан кушта шуда, яке аз завҷаҳои бин Лодин захмӣ шудааст. Ин иттилоъ низ аз хабари расмӣ, ки мегуфт, ин зан ҳамчун сипари зинда истифода мешуд ва кушта шуд, фарқ мекунад. Нафари панҷуми кушташуда, бовар меравад, ки аз писарони раҳбари Ал-Қоида бошад.

АКСҲОИ ҶАНОЗАИ БИН ЛОДИН НАШР МЕШАВАД

Амрико то ҳол боздошти кадоме дар натиҷаи ин амалиётро ташреҳ накарда, гузашта аз ин мегӯяд, ки ҷасади бин Лодинро бо худ аз Абботобод бурда, дар баҳр гӯр кардаанд.

Мақомоти Амрико дар ҳоли ҳозир масъалаи кай ва чигуна нашр кардани аксҳои ҷанозаи бин Лодинро баррасӣ мекунанд. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, сурати “мудҳиш”-и бин Лодин метавонад ҳассосиятҳоро барангезад, вале мудири CIA Леон Панетта гуфт, Вошингтон ин аксҳоро ғолибан нашр хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG