Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Европол мухолифи содда кардани режими раводид аст


Европол - Оҷонси полиси Иттиҳодияи Аврупо аз паёмадҳои эҳтимолии лағви раводид барои кишварҳои нимҷазираи Балкан ҳушдор дод. Дар гузориши навбатии Европол гуфта шудааст, ки гурӯҳҳои ҷиноӣ аз минтақаи Балкан, Туркия ва кишварҳои собиқ шӯравӣ аз бартарии равуои озод истифода хоҳанд кард.

Муаллифони гузориш содда кардани режими раводид бо Русия, Украина, Молдова ва Гурҷистонро низ чун таҳдид ба амнияти Иттиҳодияи Аврупо арзёбӣ кардаанд.

Коршиносони Европол тавсия додаанд, ки дар шомил кардани Руминия ва Булғористон ба минтақаи Шенген ҳам аз шитобзадагӣ кор гирифта нашавад.
XS
SM
MD
LG