Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маҳбусон дар маҳбасҳои кории Кореяи Шимолӣ


Теъдоди маҳбусон дар маҳбасҳои кории Кореяи Шимолӣ ба 200 ҳазор нафар расидааст. Дар ин бора созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал хабар дод.

Гузориши ахири ин созмон бо такя ба наворҳои моҳвора ва баёноти маҳбусону муҳофизони собиқ, ки аз Кореяи шимолӣ фирор кардаанд, таҳия шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки тайи даҳ соли ахир шумораи маҳбасҳои корӣ афзоиш ёфта, шароити зиндагӣ дар онҳо тақрибан ба шароити ғуломон баробар шудааст.
XS
SM
MD
LG