Пайвандҳои дастрасӣ

Бомдоди душанбеи 2-юми май нав барномаро хатм кардаву аз студия баромадам, ки дар тоблуҳои бузурги телевизионии утоки хабар аксҳои ҳазорон бор нашршудаи Усома бин Лодинро дидаму ҳадс задам, ки хабари наве аз ӯ рӯ задааст.

Вақте навори хабарҳоро боз кардам, чанд ҷумларо дидам, ки ба нақл аз шабакаи телевизионии СNN омада буд: “Эҳтимол меравад, сарвари Ал Қоида Усома бин Лодин дар Покистон кушта шудааст.”

Афсӯс хӯрдам, ки вақти барномаи радиоӣ тамом шуд ва натавонистам, ин хабарро аз тариқи радио ба шунавандагон расонам. Дафъатан фикр кардам, оё ин хабар ҳақиқат дошта бошад, зеро СNN ба манобеи номуайяну номушаххас такия мезад. Замоне ба воқеияти он бовар кардам, ки хабар омад, пас аз чанд лаҳза раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама дар бораи ҳалокати бин Лодин изҳороти расмӣ пахш хоҳад кард.

Хуб аст, ки мо торнамо ё вебсайт ҳам дорем ва агар барнома хатм шудааст, дар чанд дақиқа хабарро ба гӯшаи ахбори кӯтоҳ гузоштам. Дар ин байн Обама дар телевизион зоҳир шуд ва эълом дошт, ки бин Лодин кушта шудааст.

Дар ҳоле ки суханони ӯро гӯш мекардам, ангуштонам матлаби “Усома бин Лодин кушта шуд”-ро менавиштанд. Номи маҳаллеро, ки нерӯҳои амрикоӣ бо муҳофизони бин Лодин даргир шудаанд ва ӯро куштаанд, дуруст нашунида, “Бодобод” навиштаам, дар ҳоле ки дертар донистам, “Аббособод” (дар матнҳои иинглисӣ –Абботобод”) будааст. Аммо вақте ки “Бодобод” менавиштам, дар гӯшае аз зеҳнам андешае сар зад, ки чӣ номест “Бодобод” дар шимоли Исломобод, пойтахти Покистон. Наход, раҳбари Ал Қоида “ҳарчӣ бодо бод”—гуфтаву сар ба ин ҷо задааст. Дар ҳоле ки қаблан тахмин мерафт, вай дар минтақаи қабиланишини Вазиристон пинҳон шудааст.

Паёми Обама ба поён расиду СNN кӯчаҳои атрофи Кохи Сафед дар Вошингтонро нишон дод, ки гурӯҳе аз ҷавонон гирд омада, бо доду фиғон аз кушта шудани бин Лодин изҳори шодмонӣ мекарданд.

Дар ин лаҳзаҳо ман эҳсосе ба ҷуз масъулият дар назди хонанда надоштам ва талошам ба ин буд, ки маълумоти ҳарчӣ комилтаре ба ӯ пешкаш кунам. Аммо дар ҳамон гӯшаи зеҳнам, андешаҳое мечархид, ки ин воқеа чӣ маънӣ ва пайомад хоҳад дошт. “Хас каму ҷаҳон пок!” – яке аз андешаҳои ман буд. Дигараш – оё пештар ҳам медонистанд ва танҳо фурсат интихоб мекарданд, ки ин корро анҷом бидиҳанд. Зеро Обама гуфт, аз моҳи августи соли 2010 иттилоъ гирифта буд ва танҳо ҳафтаи гузашта ба натиҷае расид, ки маълумоти кофӣ гирдоварӣ шудааст. Яъне иттилоъ дақиқ ва мушаххас гаштааст.

Боз ба он меандешидам, ки оё мақомоти Покистон кай аз амалиёт ҳамла ба виллаи бин Лодин огоҳ карда шуданд? Ба назарам, баъд аз анҷоми амалиёт, ҳарчанд Обама аз ҳамкории хуби мақомоти покистонӣ истиқбол кард.

Кори басти шаб маро хаста карда буд ва дигар андешае ба сар намеомад, танҳо ҳисси қаноатмандӣ аз он, ки торнамои мо шояд яке аз аввалин торнамоҳо буд, ки ин хабарро мунташир кард. Ба ҳар ҳол чанд торнаморо гаштам, чӣ аз ҳамкорони бахшҳои дигар ва чӣ аз берун, ин хабарро дар ҷое надидам.

Вақте ба хона расидам, афтодаму хоб маро рабуд.

Ҳоло як ҳисси нек диламро пур мекунад. Қатли бин Лодин шояд ба “ҷанги зидди терроризм” ҳамчун як доктринаи сиёсати хориҷии Ғарб хотима диҳад? Худо кунад, бо ҳамин талоши гурӯҳҳое, ки дар холигоҳи Ҷанги сард бо коммунизм пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, ҷанги гарм бо исломро ба роҳ монданиянд ва ҷаҳонро гаравгони “даргирии тамаддунҳо” кардаанд, ба нокомӣ анҷомад?

Ҷои баҳс нест, ки Усома бин Лодин ба ин доираҳо даркор буд. Вай дастаке шуда буд, ки бо он Ғарбро дар муқобили ҷаҳони ислом гузоштанд. Вай сармояҳои ҳангуфте дошт ва шубҳае нест, ки бахши умдаи ҳамлаҳои террористиро тарҳрезӣ ва иҷро кардааст. Ҳузури ӯ сабаб шуда буд, ки Амрико ҷаҳонро аз паси пардаи ҷанг бо терроризм бинад ва ҳамон гуна, ки 30-40 сол пеш нерӯи азими онро ба муқобили блоки коммунистӣ истифода мекарданд, акнун бар зидди олами ислом ба кор мебурданд.

Терроризми исломӣ, Ал Қоида, бин Лодин тамоми риштаҳои ҳаёти Амрико фаро гирифта, ҳусни тафоҳуми байни мусулмонон ва мардумони дигари Амрикоро аз байн бурд. Он фазои наҷибу неки то 11-уми сентябри соли 2001 дигар ҳаргиз ба Амрико барнагашт.

Амрико дигар розӣ шуд, ҳар дузду раҳзанеро, ки шиори мубориза бо терроризм мезанад, аз дӯстони худ шуморад ва ҷурму ҷинояти онҳоро нодида гирад. Озодии сухане, ки то он ҳамлаҳо дар Амрико буд, ҳоло дигар дида намешавад. Бин Лодин тамоми фалсафаи зиндагии Амрикоро тағйир дод ва душмани наверо дар ҷои холишудаи коммунизм бинишонд.

Дар худи Амрико онҳое бологузару болонишин шуданд, ки дурушттар аз дигарон зидди терроризм шиор зананд, бигзор агар аз ҳар лиҳози дигар заррае арзиши болонишиниро надоранд.

На танҳо худи амрикоиён, балки ҳамагон аз ин ҳолат асабонӣ буданд. Худам дидаам, ки дар фурудгоҳи Ню-Йорк мусулмонони хашмгин аз кофтукову тафтишҳои амниятӣ ба ҳафт пушти бин Лодин лаънат мефиристоданд. Ҳарчанд ошкоро гуфта намешавад, истихдоми мусулмонон ба вазифаҳои давлатӣ маҳдудтар шудааст. Аслан, кори хуб пайдо кардани мусулмонон ба мушкиле табдил ёфтааст. Сафи донишҷӯёни мусулмон дар донишгоҳҳо ба маротиб камтар гаштааст. Бовари комил нест, ки як мусулмон дар додгоҳ худро баробар бо ҳар айбдоршавандаи дигар эҳсос кунад.

Ҳамаи ин аз касофати бин Лодин буд. Вақте солҳои зиёд баъд аз оғози амалиёт дар Афғонистон хабаре аз боздошти бин Лодин шунида намешуд, ҳазорон нафар шубҳа мекарданд, ки оё Амрико аслан дар ҷустуҷӯи ӯ ҳаст ё на? Ниҳоят ин суол аз байн меравад.

Аммо муҳимтар аз ин оё идеолужики ҷанговар аз байн хоҳад рафт? Ҳамчун тарафдори сулҳи ҷаҳонӣ ман аз ин хабар изҳори хушҳолӣ мекунам, вале оё бо ҳамин сулҳ хоҳад омад? Ҳанӯз посухе надорам. Танҳо умед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG