Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Маскав хабар дод, ки бар асари як низоъи қавмӣ дар пойтахти Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда ва ду нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.

Ин ҳодиса, ба гуфтаи масъулини полис, шоми гузашта дар шимолу ғарби Маскав ба вуқӯъ пайваст.

Ҳадс зада мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон вориди бархӯрд бо гурӯҳи дигари қавмӣ шуданд ва рақибони онҳо аз силоҳ кор гирифтаанд.

Кормандони полис ҳоло афродеро ҷустуҷӯ доранд, ки ду тани маҷрӯҳро ба бемористон оварда, худ ғайб задаанд.
XS
SM
MD
LG