Пайвандҳои дастрасӣ

Панетта: "Мо аз ифшо шудани амалиёт ҳарос доштем"


Леон Панетта

Леон Панетта

Раиси Хадамоти марказии кашфи Амрико Леон Панетта хабар дод, ки Вошингтон мақомоти Покистонро аз амалиёти алайҳи раҳбари шабакаи “Ал-Қоида” Усома бин Лоден огаҳ накард, зеро аз имкони ифшо шудани амалиёт ҳарос дошт.

Ҷон Бреннан, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар бахши мубориза бо терроризм, изҳор намуд, мақомоти ИМА мехоҳанд дақиқ кунанд, ки чаро Усома бин Лоен тавонист муддати тулонӣ дар қаламрави Покистон панаҳ барад.

Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед, ахиран тафсилоти ин амалиёти аз байн бурдани раҳбари Ал-Қоидаро барои хабарнигорон ин гуна тавсиф кард: "Бин Лоден ва оилаи ӯро дар ошёнаҳои дуввуму сеюми бино пайдо карданд. Нигарониҳое буд, ки ӯ метавонад муқовимат кунад ва чунин ҳам шуд. Дар як хона ҳамроҳ бо бин Лоден хонумаш ҳам ҳузур дошт. Хонумаш ба як узви гурӯҳи амрикоӣ ҳамла кард ва аз пояш тир хурд, вале кушта нашудааст. Баъд худи бин Лоден ҳадафи тир қарор гирифт. Ӯ мусаллаҳ набуд".

Раҳбари шабакаи “Ал-Қоида” рӯзи 2 май дар шаҳри Абботобод дар як амалиёти нерӯҳои зудамали Амрико кушта шуд.
XS
SM
MD
LG