Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 5-6-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байнулмилалии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешавад.

Дар ин бора ба сомонаи радиои Озодӣ Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд: “Дар ин ҷаласа масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ ва ҳамкориҳои Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) баррасӣ хоҳад шуд. Дар кори ҷаласа Ҳусейн Ал -Мусаллам, мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё, Субово Рита, раиси Кумитаи ҳамкориҳои байнулмилалии ШОО ва дигар аъзои ин кумита ширкат хоҳанд кард. Ширкаткунандагони ҷаласа, инчунин, аз иншооти варзишии Тоҷикистон дидан карда, бо мавзеъҳои таърихии кишвар ошно мешаванд.”

Бояд тазаккур дод, ки ҳоло 50 кишвари қора узви Шӯрои олимпии Осиё мебошад. Моҳи ноябри соли 2010-ум пеш аз маросими кушоиши Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин ҷаласаи Шӯрои олимпии Осиё баргузор шуда буд. Дар ин ҷаласа бо пешниҳоди Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё, Рустами Эмомалӣ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, узви Кумитаи ҳамкориҳои байнулмилалии ШОО интихоб гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG