Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти вазирони дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон


Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон дар Исфара бо ҳамтои қирғизи худ мулоқоту гуфтугӯ анҷом додааст.

Ба навиштаи хабаргузории "Азиа Плюс", меҳвари гуфтугӯи Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ва Ҳабибулло Худойбердиев, вазири дифои Қирғизистон тақвияти ҳамкориҳои дифоӣ ва ҳамкориҳо дар заминаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар марз будааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, вазирони дифои ду кишвар инчунин масоили вобаста ба амнияти минтақаи Осиёи Миёнаро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Аз ҷумла ҷонибҳо ба ин нуқта таъкид кардаанд, ки оромӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба нафъи ҳар ду ҳамсоякишвар хоҳад буд. Ҷонибҳо дар ин росто изҳори умедворӣ кардаанд, ки мушкилоти мавҷударо дар рӯҳи ҳамҷаворӣ ва дӯстӣ ҳал хоҳанд кард.

Дар ин мулоқот Амирқул Азимов, дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон ва инчунин раҳбарони ниҳодҳои марзбонии ҳар ду кишвар низ иштирок доштаанд.

Ҷои зикр аст, ки ин дуввумин мулоқоти вазирони дифои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилояти Суғд дар давоми соли ҷорӣ аст. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ низ Шералӣ Хайруллоев ва Ҳабибулло Худойбердиев дар шаҳри Қайроқум мулоқот анҷом дода буданд. Мулоқоти вазирон он замон пушти дарҳои баста баргузор шуда ва ҳадс зада мешуд, ки дар он ҳамкориҳои дифоӣ ва амниятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

НУҚТАИ БАҲС МИЁНИ ДУ ҲАМСОЯКИШВАР

Марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Ботканди Қирғизистон аз нуқоти ҳассос ва баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда, бори аввал соли 1989, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ ба маҳзи даргирии байни сокинони ду сӯи марз, ки се кушта ба ҷо гузошт, вирди забонҳо шуд.

Дар он айём ҳатто раҳбарони вақти ду кишвар Қаҳҳор Маҳкамов ва Абдусамад Масолиев аз ин маҳалли даргирӣ боздид ва ҷонибҳои низоъро ба сулҳу оштӣ даъват карданд.

Аммо тайи, инак, 22 соле, ки аз он рӯёрӯии аввал ва се соле, ки аз охирин даргирии байни сокинони ду тарафи ин марз мегузарад, то ҳол як роҳҳалли муносиб барои ҳамаи ҷонибҳои ин низоъ таҳия нашуда, баҳси заминҳои марзии Исфара ҳамчунон ба як бушкаи боруте мемонад, ки ҳар як шарора метавонад боис ба дигарбора аланга гирифтанаш шавад.
XS
SM
MD
LG