Пайвандҳои дастрасӣ

Португалия кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ва IMF-ро пазируфт


Португалия ба кӯмаки сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул дар ҳаҷми 78 миллиард евро ризоият дод. Ин савумин кишвари эътилоф аст, ки баъд аз Ирландия ва Юнон ба имдоди молӣ ниёз пайдо кардааст. Аммо талҳилгарон мегӯянд, созиши Португалия ба иллати қарзи азими ҷамъиятӣ, мушкилоти бонкӣ ва низоми серхарҷи нафақа печидатар мебошад. Ин кишвар ҳамчунин зимни интихоботи порлумонии 5-уми июн ва пас аз фурӯпошии ҳукумати эътилофӣ дар робита ба маҳдудияти харҷи давлатӣ ба номуайяниҳои сиёсӣ рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG