Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои мудерн веблог мехонад


Шаҳзода Назарзода, блогнависи тоҷик
Шаҳзода Назарзода, блогнависи тоҷик

Чанд бор магар пеш меояд, ки бо дасту пойи гилолуд ва оби бинии равон аз борони баҳорӣ гурезон вориди хона шавед ва бибинед ки аз матраҳтарин родиои байналмиллалии тоҷикӣ барои Шумо нома расида, дар он Шуморо ташвиқ ба навиштан кардаанд?

Кам пеш меояд ва ё ҳамин як бор иттифоқ меафтад ва бояд ҳамин фурсатро ба дурустӣ истифода бурд.

Родиое, ки солҳои зиёд шунидани он бароям як дунё роз дошт ва ҷурм маҳсуб мешуд ва ба ҳамин хотир лаззате дошт ғайри қобили тасвир. Родиое, ки шунидани барномаҳояш дӯстони зиёдамро ба бозҷӯйиву бозпурсиҳои озордиҳанда ва тарсонандаи маъмурони амниятии Самарқанд мекашонд. Родиое, ки табу буд. Родиое, ки дуру дастнорас буд.

Аз он замон солҳо гузашт ва мо, тоҷикони бурунмарзӣ, оҳиста-оҳиста бо тарсу эҳтиёт худро ба он наздиктар эҳсос кардем ва ё родио ба мо наздиктар шуд ва аз масоили мо мегуфт ё дигар... намедонам.

Инро медонам, ки борҳо талошҳои наздик шудан ба ин родио шикаст хӯрд ва дурӣ доман паҳн кард. Он вакт сомонаҳо роҳандозӣ шуд ва онҳое, ки аз шунидани садо дилсард буданд дигар метавонистанд, бихонанд. Ва хондан моро наҷот дод ва берасонагии моро таъмин кард ва қаҳру ҷаҳли моро фурӯ нишонд.

Нома ва ё нашри барномаҳои родиоӣ хонандаҳои зиёде пайдо кард ва ман яке аз онҳо будам ва ҳастам.

Ҳоло ин замон дарёфти номае аз родиои бо ин муҳимӣ маро ба ёди навҷавониам овард. Вақте номае аз родиои маҳаллии "Овози Самарқанд" бароям омада буд ва ними маҳал нома ба даст дунболи ман мегаштанд. Ман дар як лаҳза аз як кӯдаки лоғари рангпарида ба як инсони муҳиме табдил шуда будам, ки расона барояш нома навишта буд.

Шояд ҳамон номаи устод Акбар Пирӯзӣ буд ки хатти рӯзгори маро таъин кард ва ман рӯ ба расона овардам. Ва аз ин ҷост, ки хуб мефаҳмам, ки рӯ овардани расонаҳо ба афрод ояндасоз аст.

Расонаҳо ҳатман инро медоданд, аммо мутаассифона, камтар аз ин қудрати худ истифода мекунанд.

Аммо мехоҳам ба Соҷида хонум ва гурӯҳи ҳамкоронаш арзи сипос кунам аз ин бобат, ки дар ман ин эҳсоси кӯдакиамро дубора бедор карданд ва дарвоқеъ пазируфтани онҳо ба унвони як расонаи ҳирфаӣ веблогнавиштанро як дараҷа болотар мебарад.

Муҳимтар аз ҳама, вақте так-таки веблогнависонро ташвиқ ба навиштан мекунанд ва барояшон дар сафҳаи ҳирфайи худ фазо боз мекунанд, онҳоро барои видеоблогнависӣ ҳидоят мекунанд ва дар сохтани торихи фарҳангҳои тоза як расонаи пешгом мешаванд. Ин кор нирӯ ва азхудгузаштагии зиёде металабад ва бардоштани масъулияти ду-се соати кории бештарро низ ба ҳамроҳ дорад.

Вале родио Озодӣ гавҳари веблогнависиро пай бурда ва ин ҳама заҳмати онро таҳаммул мекунад ва қадами аввалро мегузорад. Бояд аз ин ҷасорати онҳо қадрдонӣ кард.

Аммо асл веблог аст. Веблог аст ки аз зуҳури худ ва имконоти худ паёми равшан медиҳад. Майдон ба так-таки мо медиҳад, ки расонаи хурд вале босалиқа ва интизороти фарди мо ба мо диҳад ва мо-и мухотабро бар мизи муроҷиаткунанда биншонад ва ба мо қалам ва микрофон диҳад. Вагарна мо ҳам одреси имайли ҳамдигарро дорем ва ҳам шумораи тамосро то ҳарфамонро ба тарафи дигар мустақим бирасонем. Аммо веблогнависӣ мавзӯъҳоро фароз ва паҳно дода ва ҳама чизи кӯчаки рӯзгори кӯчаки моро ба як мавзӯъи асосӣ табдил кардааст.

Муҳим ин аст, ки родиои Озодӣ рисолати худро дарк мекунад ва веблогҳоро ракиб намедонад ва дар роҳи эҷод кардани робитаи шаффоф ва озод байни мухотаби худ пешгом аст.

Хушҳолии ман аз ин бобат аст, ки ман танҳо нестам ва веблогнависони тоҷик сол ба сол афзоиш пайдо мекунад ва табуҳо рахна пайдо мекунанду пораву жанда мешаванд. Бо кӯмаки расонаҳое бузург ва бо идеяҳои бузург.
Фикри видеоблогро аз замоне ки Ютйюб роҳандозӣ шуд, доштам, аммо ҷуръаташро аз даст дода будам. Дигар рӯ ба рӯи дурбин рафтану нишастан бароям сахт аст аз бас пушти дурбин ҷо хуш кардаам. Аммо вақте чунин ташвиқҳо мешавад, бовар кунед нирухои нуҳуфтаи инсон рӯ мезанад ва кас ба фикр фурӯ меравад.

Ин хамон родиост. Родиое, ки шуниданаш барои ман соатҳои тулонӣ вакт мебурд, ки аз мавҷ ба мавҷи дигар рафтан ва байни мавҷи садоҳои русӣ, русӣ ва русӣ дунболи садои ширини тоҷикӣ гаштан ва пайдо накарданро бо худ дошт ва эҳсоси дуриро.

Он замон барои дӯст доштанаш далоили дигаре доштам.

Аммо ҳоло арзиши ин родио бароям чандин баробар шуда, чун ин ҳамон родиост... ки веблоги маро мехонад.

Ин ҳамон родиоест, ки веблоги шуморо мехонад ва онро ба унвони хурдарасона мепазирад ва таъсири он рӯи ҷомеъаро хуб медонад.

Хушҳолам, ки ҳоло баъд аз ҳашт сол дар Гугул ҷустуҷӯ мекунам ва садҳо ҳазор матни тоҷикӣ пайдо мекунам. 11-уми майи соли 2003 камтар аз даҳ ё бист матн ба забони тоҷикӣ мавҷуд набуд ва ман дар умқи афсурдагии як мусофири ғариб будам. Аммо ҳоло ҷомеъаи маҷозии точикон дар интернет рӯ ба афзоиш аст ва ман дигар на афсурдаам ва на эҳсоси танҳоӣ мекунам. Дигар барои шунидани забони тоҷикии ноб ниёз ба сафар ба Тоҷикистон нест ва барои хондани матни ноби тоҷикӣ ниёз ба зеру рӯ кардани китобхонаҳои шаҳрҳои бегона нест.

Мо, тоҷикон, дар муқоиса бо як қарни пеш ба суръат рӯ ба пешрафт ҳастем ва ин тағйирпазирии мо он кадар тунду сареъ аст, ки мутаваҷҷеҳи он намешавем. Танҳо лозим аст, муруре ба сомонаи родио Озодӣ бикунем, мебинем ки дар даҳ сол тавонистаем харобкориҳои як асри гузаштаро то ҳадде ҷуброн бикунем ва вазоифи худ дар асри тозаро низ ба ҷо биоварем.

Ва ин пештарфт ба ҳамин минвол хоҳад буд агар тифоқ ва дастгири ҳамдигар боқӣ бимонем ва каму кости ҳамдигарро бидуни риё фош кунем, то ҳақиқатро тақвият бахшем ва тоҷиконагиро дар ин даврони сахт ва печида маҳфуз ва мунҳасир ба фард нигаҳ дорем.

Бо сипоси фаровон,
як велбогнависи шодмон
Шаҳзода

Озодӣ: Таваҷҷӯҳ кунед ба веблоги Шаҳзода, "Самарқанд. Малакут", ки аз нахустин веблогҳои тоҷикӣ дар ҷаҳони интернет буд ва имрӯз ҳам пешгоми ин раванд.
XS
SM
MD
LG