Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар давоми як сол 101 журналист кушта шудаанд.


Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот, ки дар Вена воқеъ аст, гуфт, дар як соли гузашта дар саросари ҷаҳон 101 журналисткушта шудаанд, ки бузургтарин теъдод аз солҳои 1990 ба ин сӯ мебошад. 40 журналист дар Осиё ва 15 тани онҳо дар Покистон кушта шудаанд. Ҳамзамон, ба навиштаи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот теъдоди кишварҳои барои журналистон хатарнок босуръат зиёд мешавад. Баъд аз Покистон дар ҷои дувум Мексик номбар шудааст, ки дар ин ҷо дар соли гузашта 12 журналист ба ҳалокат расидаанд. Дар Ҳондурас дар як сол 10 журналист ҷон додаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, дар панҷ соли гузашта 472 журналист, ғолибан дар Ироқ ва Филпин кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG