Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Покистон аз амалиёти зидди Усома бин Лодин


Ҳукумати Покистон мегӯяд, аз рейди, ба гуфтаи он “беиҷоза”-и нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида барои қатли Усома бин Лодин амиқан нигарон аст. Дар изҳороти ҳукумати Покистон гуфта мешавад, ин ҳамла набояд ба ҳайси намунаи аъмоли ояндаи Иёлоти Муттаҳида дар Покистон истифода шавад. Пештар раисиҷумҳури Покистон, Осаф Алӣ Зардорӣ гуфта буд, ки ҳамлаи зидди бин Лодин амалиёти муштараки ду кишвар набуд. Дар ин байн, мудири Идораи марказии кашфи Амрико, Леон Панетта гуфт, ниҳоди ӯ аз ҳамкорӣ бо Покистон дар ин амалиёт худдорӣ намуд, зеро тасмим гирифта шуд, ки ифшои тарҳ ба нокомии он сабаб шуда метавонад. Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида рӯзи якшанбе дар як амалиёти махфӣ бин Лодинро дар шаҳраки Абботободи наздикии Исломобод, пойтахти Покистон ба ҳалокат расонданд.
XS
SM
MD
LG