Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбонони афғон аз зарбаи НАТО кушта шуданд


Полиси Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи зарбаи ҳавоии нерӯҳои НАТО дар шоҳроҳе дар ҷануби Афғонистон посбонони амниятӣ ба ҳалокат расидаанд. Сардори полиси вилояти Ғазнӣ гуфт, посбонон амволи икмолотиро, ки ба пойгоҳи НАТО равона буд, ҳамроҳӣ мекарданд. Дар ин байн, волии вилояти Нуристони Афғонистон, Ҷамолиддини Бадр гуфтааст, нерӯҳои давлат ва НАТО дар ин ҷо бо ошӯбгарон даргир шуда, 25 мусаллаҳро куштаанд, ки аз арабҳо, чеченҳо ва покистониҳо иборат будаанд.
XS
SM
MD
LG