Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон ба гузориши САҲА вокуниш нишон дод


Ӯмурбек Тикебаев

Ӯмурбек Тикебаев

Кумиссиюни мустақили САҲА мегӯяд, соли гузашта дар даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон узбактаборон осеб дидаанд. Дар гузорише, ки имрӯз ин кумиссиюн ба нашр расонд, гуфта мешавад, имкон дорад дар ин хушунатҳо нируҳои амниятии Қирғизистон даст дошта бошанд. Сарпарастии кумиссиюнро Киммо Килюнен-намояндаи вижаи Маҷмаи порламонии САҲА барои Осиёи Марказӣ бар ӯҳда дорад. Кумиссиюни мазкур “ҳукумати заиф” ва ниҳодҳои шиканандаи давлатиро барои ривоҷи “миллатгароӣ” гунаҳгор донистааст. Дар вокуниш ба ин гузориш Омурбек Тикебаев-раиси ҳизби Ата-Мекени Қирғизистон гуфт:

“Мо ба ақидаи кумиссиюни байналмиллалӣ эҳтиром мегузорем, вале хулосаҳои он комилан машваратист, дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо ба фикри ман, ақидаҳои сирф шахсии аъзои кумиссиюн мебошанд”.

Имрӯз ҳукумати Қирғизистон низ ин гузоришро рад кард ва онро якҷониба номид.
XS
SM
MD
LG