Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як созмони шартии террористӣ яке аз биноҳои муҳими барқии Қирғизистонро ҳадаф қарор медиҳад.

Аммо мақомоти амниятии Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ ин нақшаи террористонро хунсо мекунанд.
Гурӯҳҳои террористӣ агар дар гузашта барои расидан ба ҳадафҳояшон мардуми бегуноҳро гаравгон мегирифтанд, акнун биноҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳоро ҳадаф қарор медиҳанд...


Ин хулосаи фишурдаи сенарияи як машқи низомиест, ки таҳти унвони "Ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои харобкорӣ ба нерӯгоҳҳои Осиёи Марказӣ" барои ду рӯз дар вилояти Ӯши Қирғизистон баргузор мешавад.

Ин машқи низомӣ бо тарҳрезии Маркази зиддитеррористии кишварҳои муштаракулманофеъ, қароргоҳаш дар Бишкек, сурат гирифтааст, ки дар он Узбакистону Озарбойҷон ва Туркманистону Арманистон ҳамчун нозир ширкат доранд.



ҲАДАФ: НЕРӮГОҲҲО?

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун
Муовини аввали маркази зиддитеррори кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ Молдиёр Оразалиев гуфтааст, гурӯҳҳои террористӣ агар дар гузашта барои расидан ба ҳадафҳои худ мардуми бегуноҳро гаравгон мегирифтанд, акнун биноҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳоро ҳадаф қарор медиҳанд.

Ҳадафи ин машқи низомӣ огоҳу ошкор сохтан ва саривақт хабар додан аз чунин амалҳои харобкорӣ будааст.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон чунин машқҳоро дар амри таҳкими амнияти минтақа муҳим арзёбӣ намуда мегӯянд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои ҷосусӣ ва ё харобкории эҳтимолӣ дар атрофи ҳамаи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, бахусус нерӯгоҳи Роғун, ки сохтмонаш идома дорад, се ҳалқаи амниятӣ гузошта шудааст. Ҳоло ин нерӯгоҳҳоро намояндагони Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати умури дохилӣ ва Горди миллӣ назорат мекунанд.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, пас аз нооромиҳои солҳои ахир дар манотиқи шарқи кишвар ҳифозати нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар биноҳои дорои аҳамияти стратегидошта таҳким дода шуд.

АНГУШТ БА СӮИ УЗБАКИСТОН

Маҳмадулло Асадуллоев
"Пас аз ҳодисаҳои нохуши солҳои ахир объектҳои муҳими кишвар, бахусус нерӯгоҳҳо аз тарафи Хадамоти назорати Вазорати умури дохилӣ ва ниҳодҳои дигари амниятии кишвар таҳти назорати қатъӣ қарор доранд. Дар ин миён кӯшишҳои харобкорӣ, масалан диверсионӣ, алайҳи нерӯгоҳҳо ба қайд гирифта нашудааст"
,-афзуд ӯ.

Бино ба иттилои додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар тирамоҳи соли гузашта кормандони умури дохилии шаҳри Душанбе ҳангоми боздошти як сокини шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир ошкор кардаанд, ки вай қасди тарконидани сарбанди Роғунро доштааст.

Наздикони фарди боздоштшуда вуҷуди чунин қасди харобкориро аз сӯи ин муттаҳам рад мекунанд. Аммо вақте аз эҳтимоли ҷой доштани кӯшишҳои харобкорӣ ба нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон сӯҳбат шавад, таҳлилгарони тоҷик бо назардошти мухолифатҳои шадиди Тошканд ба сохтмони неругоҳи Роғун ангушти ишораи худро асосан ба тарафи Узбакистон баланд мекунанд.

ТАҲДИДИ ХАРОБКОРӢ ВУҶУД ДОРАД?

Таҳлилгари тоҷик, Маҳдӣ Собир, ба ин бовар аст, ки дар миёни гурӯҳҳои худсар, аз ҷумла Мулло Абдулло, ки ахиран маҳв карда шуд, аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ҳастанд, ки баъзе аз онҳо бо мақомоти амниятии Тошканд ҳамкорӣ доранд. Ҷаноби Собир меафзояд, таҳдиди харобкорӣ алайҳи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон бидуни шакк вуҷуд дорад.

Ба назари намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, баргузории машқи низомии дурӯза дар вилояти Ӯш ҳадафи муҳими тактикӣ ва стротегӣ доштааст.
Зеро ба гуфтаи онҳо, Қирғизистону Тоҷикистон соҳибони аслии захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ҳарду кишвар сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги Қамбарота ва Роғун идома дорад. Ду иншооти азиме, ки метавонанд ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои харобкор қарор бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG