Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминия ба истиқрори сипари дифои мушакӣ дар хоки худ розист


Траян Басеску
Траян Басеску
Траян Басеску-раиси ҷумҳури Руминия имрӯз гуфт, ки кишвараш ва Амрико розӣ шудаанд, ки баъзе аз унсурҳои сипари дифои мушакиро дар пойгоҳе дар ҷануби Руминия мустақар кунанд. Вай дар Бухарест ба рӯзноманигорон гуфт:
“Ман розӣ шудам, ки системаи дифои зидди мушакӣ дар Девеселу дар пойгоҳи пешини ҳавоӣ дар ҷануби Руминия ҷойгир шавад. Ин пойгоҳи низомӣ зери фармондеҳии Руминия боқӣ хоҳад монд”.

Ба гуфтаи Бесеску, пойгоҳи Девеселу дар 20 километрии марзи Булғористон мизбони тақрибан 200 нафар низомии Амрико хоҳад буд. Ин нируҳо метавонанд то 500 нафар бошанд. Басеску мегӯяд, ин пойгоҳ бар зидди Русия нигаронида нашудааст.
XS
SM
MD
LG