Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бартарии нахуствазири Канада дар интихоботи сартосарӣ


Стефан Ҳарпер-нахуствазири Канада аз ҳизби муҳофизакор аксарияти курсиҳоро дар интихоботи сартосарии Канада ба даст овард. Ҳарпер, ки аз соли 2006 дар ду интихобот пирӯз шудааст, то ҳол ҳеҷ гоҳ дар порламон аксарияти курсиҳоро дар ихтиёр надошт. Эътилофи ҷудоиталабон, ки барои минтақаи фаронсавизабонон мухториятро тақозо мекунанд, ин бор танҳо 4 курсиро соҳиб шуданд. Дар интихоботи гузашта онҳо 47 курсиро ба даст оварда буданд.
XS
SM
MD
LG