Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши кумиссиюне, ки ба хотири таҳқиқи танишҳо дар Ӯш таъсис ёфта буд мегӯяд, ки нерӯҳои Қирғизистон дар ин даргириҳо даст доштаанд.

Кумиссиюни мустақили ҳафтнафарӣ таҳти раёсати намояндаи маҷмаи парлумонии САҲА дар Осиёи Марказӣ ва вакили собиқи парлумони Финландия Киммо Килюнен дар гузоришаш мегӯяд, дар задухӯрдҳои қавмӣ бо қирғизҳо бештар узбакҳо ҷабр дидаанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, дар Ӯш “қатлу таҷовуз, анвоъи дигари хушунати ҷинсӣ, хушунати ҷисмонӣ (ба мисли аъмоли
Занҳои узбактабор дар пасманзари танишҳои қавмӣ
ғайриинсонӣ) ва муҷозот алайҳи як гурӯҳи мушаххас дар заминаи қавмӣ”
иттифоқ уфтода буд.

Аммо ин кумиссиюн бо вуҷуди таъйиди мавориди шабеҳи ҷиноёти зидди башарият дар хушунатҳои Қирғизистон мегӯяд, ин ҳаводисро ҷинояти ҷанг ё наслкушӣ (генотсид) намедонад.

Бар асари задухӯрдҳои байни узбакҳову қирғизҳо дар шаҳри Ӯш ва атрофи он, ба ҳисоби ин кумиссиюн, 470 нафар кушта шуда беш аз 400 ҳазор нафар беҷо шуданд.



Гузориши 104-саҳифаие, ки бар пояи пурсиши 750 шоҳид ва таҳқиқи 700 санаду ҳазорон аксу навори видеоӣ таҳия шудааст, мегӯяд, 74 дарсади қурбониён узбакҳо буда, бахши аъзами сохтмонҳои тахрибшуда дар ҷараёни хушунатҳо низ ба узбакҳои сокини ҷануби Қирғизистон тааллуқ мегирад.

Аммо бо истиснод ба омори вазорати ҳифзи сиҳати Қирғизистон, гуфта
Бишкек як бахши масъулияти ин хушунатҳои қавмиро бар дӯши тарафдорони раисҷумҳури дар он рӯзҳо тоза барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва гурӯҳҳои ҷиноӣ бор мекунад...
мешавад, ки бисёре аз 1900 нафаре, ки дар он рӯзҳо ба бемористон мунтақил шуданд, баръакс қирғизҳо будаанд.

ДАСТ ДОШТАНИ МАҚОМОТИ ҚИРҒИЗ

Киммо Килюнен рӯзи сешанбе, севуми майи соли ҷорӣ, дар расми муаррифии гузориши Кумиссиюни байналмилалӣ дар Бишкек гуфт: "80 дарсади ҳукмҳое, ки баъд аз рӯйдодҳои моҳи июн дар Қирғизистон содир шуд, ба узбакҳо рабт мегирад. Ҳарчанд 74 дарсади кушташудаҳо узбакҳо буданд. Яъне инҷо сӯъитавозун дида мешавад. Мутаассифона, шаҳодате ҳам дар даст дорем, ки ҳокии дар боздоштгоҳҳо ба шиканҷа даст задани мақомот аст.
Ин як масъалаи хеле ва хеле ҷиддист."


Даргириҳои қавмӣ дар Ӯш ҳамагӣ ду моҳ баъд аз суқути давлати Қурмонбек Боқиев сар зад. Дар рӯзҳое, ки бино ба хулосаи ин кумиссиюни мустақил, дар Қирғизистон “халоъи қудрат” ба вуҷуд омад, муборизаҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои заифи давлатӣ “қавмгароӣ”-ро хатти майи худ қарор доданд.

Киммо Килюнен, раиси кумиссиюн мегӯяд, “ифротгароии сиёсӣ масъалаи қавмиро мавриди сӯъиистифода қарор дод, ки мунҷар ба паёмадҳои фаҷеабор шуд.”

Гузориш мегӯяд, ҳузури зиреҳпӯшҳое, ки “бо маҳорати тамом идора мешуданд”, аз ошӯби худҷӯшу беназми издиҳом дида, бештар аз ширкати эҳтимолии низомиҳо дар ин ҳамлаҳо аломат медиҳанд. Бино ба ин гузориш, нерӯҳои амниятии ба манотиқи ошӯбзада эъзомшудаи Қирғизистон тавони ҷилавгирӣ ё қатъи хушунатҳоро доштанд, вале ин ки нерӯҳои амниятӣ натавонистанд таслиҳоти худро ҳифз кунанд, суолҳоеро дар мавриди даст доштани онҳо бармеангезад.

Гузашта аз ин, дар гузориш омадааст, ки дар бархе ҳамлаҳо ба маҳаллаҳои узбакнишин низомиҳо низ ширкат кардаанд. Ин кумиссиюн аз давлати Қирғизистон даъват кард, то нақши низомиёнаш дар хушунатҳои тобистони гузаштаро низ таҳқиқ кунад.

ҚИРҒИЗИСТОН РАДД МЕКУНАД

Аммо давлати Қирғизистон билофосила ба дунболи нашри гузориши кумиссиюни мустақили байналмилалӣ, ки дар замонаш бо дархости худи
Бишкек ташкил шуда буд, онро якҷониба номида, радд кард. Ба гуфтаи мақомоти Бишкек, гузориш шавоҳиди қотеъе дар бораи мавориди ҷиноёти зидди башарият надорад ва ба сурати умум, “ як тамоюли умда”, яъне айбдор кардани як гурӯҳи қавмӣ дар ин хушунатҳоро ба намоиш мегузорад.

Давлати Қирғизистон мегӯяд, гузориши кумиссиюни мустақили байналмилалӣ узбакҳоро “ қурбонии бедифоъ”-и ин ҳаводис ба қалам дода, қурбониҳо ва куштаҳое, ки қавми дигар додааст, нодида мегирад.

"ҲАР ДУ ҶОНИБ МУСАЛЛАҲ БУДАНД"

Бишкек вуҷуди бархе аломатҳои ҷиноёт алайҳи башарият дар хушунатҳои ҷануби Қирғизистонро эътироф кард, вале гуфт, кадом “ҳамлаи фарогир ва муназзам” алайҳи як гурӯҳи қавмӣ(манзур узбакҳо) рух надодааст.

Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, “ҳарду ҷониб мусаллаҳ буданд, ҳарду ҷониб алайҳи ҳамдигар даст ба хушунат заданд ва ҳарду ҷониб қурбонӣ доданд.”

Бишкек як бахши масъулияти ин хушунатҳои қавмиро бар дӯши тарафдорони раисҷумҳури дар он рӯзҳо тоза барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва ҳамчунин ба дӯши гурӯҳҳои ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқбари маводи мухаддир бор мекунад ва мегӯяд, давлати муваққат, ки тоза рӯи кор омада буд, ҳанӯз тавони муқобила бо чунин таҳдидҳоро надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG