Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи хурди террористӣ дар Прага ошкор шуд


Имрӯз полиси ҷумҳурии Чех гуфт, ки онҳо як гурӯҳи хурди террористиро ошкор кардаанд, ки барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Қафқози Шимолӣ кӯмак мекардааст. Дар ин гурӯҳ 8 мард ва як зан будаанд ва онҳо ба гурӯҳи тундрави исломии Ҷамоати Шариати Доғистон тааллуқ доштаанд. Бино ба гуфтаи полиси Чех, ин гурӯҳи террористӣ маркази худро аз Берлин ба Прага интиқол додааст. Онҳо ба таҳияи асноди ҷаълӣ, таҳияи аслиҳа машғул будаанд, ки дар аъмоли террористӣ дар Қафқози шимолӣ истифода мешудааст.
XS
SM
MD
LG