Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди САҲА аз Қирғизистон барои даргириҳои қавмӣ


Як кумиссиюни мустақил мегӯяд, соли гузашта дар даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон узбактаборон осеб дидаанд. Дар гузорише, ки имрӯз ин кумиссиюн ба нашр расонд, гуфта мешавад, имкон дорад дар ин хушунатҳо нируҳои амниятӣ даст дошта бошанд. 470 нафар дар даргириҳо кушта шуда буданд. Сарпарастии кумиссиюнро Киммо Килюнен-намояндаи вижаи Маҷмаи порламонии САҲА барои Осиёи Марказӣ бар ӯҳда дорад. Кумиссиюни мазкур “ҳукумати заиф” ва ниҳодҳои шиканандаи давлатиро барои ривоҷи “миллатгароӣ” гунаҳгор донистааст. Имрӯз ҳукумати Қирғизистон ин гузоришро рад кард ва онро якҷониба номид.
XS
SM
MD
LG