Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Аврупо Русияро барои Сутягин 20 000 евро ҷарима баст


Игор Сутягин-коршиноси аслиҳаи ҳастаӣ

Игор Сутягин-коршиноси аслиҳаи ҳастаӣ

Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо ба Русия дастур содир кардааст, то ба Игор Сутягин-донишманди рус, ки соли 2004 барои ҷосусӣ ба 15 соли ҳабс маҳкум шуда буд, 20 000 евро ҷуброн пардохт кунад. Додгоҳи Аврупо ба шикояти Сутягин расидагӣ кард. Вай гуфтааст, ки ҳукми додгоҳи Русия одилона нест ва он муқаррароти Муқовиланомаи Ҳуқуқи Башари Аврупоро риоят накардааст. Сутягин коршиноси назорат бар аслиҳа аст ва ҳамроҳ бо 4 нафари дигар гӯё барои ҷосусӣ ба нафъи Ғарб муттаҳам шуда буданд. Вале соли гузашта яке аз ононе буд, ки бо 10 ҷосуси Русия, ки дар Амрико боздошт шуда буданд, раду бадал шуд. Ҳоло Сутягин дар Британия ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG