Пайвандҳои дастрасӣ

Бан: Қаззофӣ оташбаси СММ сарфи назар мекунад


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти ин созмон гуфт, нируҳои ҳукумати Либия аз риояти отшабас сарфи назар кардаанд, бо вуҷуди ин ки ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои эътлофи байналмиллалӣ бар зидди нируҳои Муаммар Қаззофӣ идома дорад. Оқои Бан дар Нию Йорк гуфт, Либия ба муқаррароти оташбас эҳтиром намегузорад:

“Бо вуҷуди ин, ки мақомоти Либия такрор ба такрор иддао кардаанд, мо ҳамоно нишонаҳои оташбасро мушоҳида накардаем. Либия ҳеҷ иқдоме барои иҷрои тааҳудоти худ тибқи қатъномаи шумораи 1970 ва 1973 накардааст”.

Ҷерар Эроуд-намояндаи Фаронса дар СММ гуфт, Муаммар Қаззофӣ дигар ба ҳарфҳои СММ гӯш намедиҳад.
XS
SM
MD
LG