Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корхонаи таъминкунандаи гази табиӣ ба аҳолии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Вахшу Бохтар кори худро мутаваққиф кардааст.

Ҳоло интиқоли газ ба манозили аҳолии ин шаҳру навоҳӣ комилан қатъ шуда, нигарониҳои сокинони маҳаллиро ба бор овардааст.

Қарзи ин ширкат аз пардохтҳои молиётӣ ҳам ба сеюним миллион сомонӣ расидааст...



Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло дар музофот нерӯи барқ ҳам тибқи реҷаи маҳдуд дода мешавад ва бештар аз ҳама сокинони биноҳои бисёрошёна аз набуди барқу газ азият мекашанд.

ШИКВАИ СОКИНОН



Қамар Тағоев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: "Мо дар кӯчаи Румии Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунем ва бештар аз се моҳ аст, ки газро дар хонаамон надидаем. Охир дар шароити хонаҳои чандқабатаи шаҳр бегаз зиндагӣ кардан душвор аст. Вақтҳои ахир барқро ҳам мекушанд. На чой ҷӯшонда мешавад, на хӯрок пухта. Бояд газро диҳанд, мо пулашро пардохт кардаем…"

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти "Қӯрғонтеппагаз" мегӯянд, ҳоло ин ширкат бо эҳтимоли муфлисшавӣ рӯ ба рӯ буда, сабаби қатъи таҳвили газ ба аҳолӣ ба миллионҳо сомонӣ расидани қарзи ин корхона будааст. Ба иддаои раҳбарияти ин корхона, танҳо аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа беш аз як миллион доллари амрикоӣ қарзи истифода аз газро напардохтаанд.

Маҳмуд Хоркашев, раиси корхонаи фаръӣ-байниноҳиявии "Қӯрғонтеппагаз", мегӯяд, ҳарчанд қимати гази маҳаллӣ, ки ба аҳолии минтақа дода мешавад, бамаротиб аз нархи гази воридаи Узбакистон арзонтар аст, ҳамоно сокинони маҳаллӣ ва бархе корхонаҳо аз пардохти ҳаққи истифода аз ин навъи сӯзишворӣ худдорӣ мекунанд.

"УМЕДВОР НАМЕКУНЕМ"

Маҳмуд Хоркашев

Ҷаноби Хоркашев гуфт, дақиқ нест, ки интиқоли дубораи газ ба аҳолии минтақа кай аз сар гирифта хоҳад шуд: "Ман ба ин савол, ки кай метавонем аҳолии шаҳрро бо гази табиӣ таъмин мекунем, ҷавоби аниқ дода наметавонам ва нафареро умедвор намекунам. Мо ҳам дарди корхонаи худ, шикояту даъво ва азобҳои сокинони маҳаллиро хуб мефаҳмем, ба раҳбарияти худ дар Душанбе ҳам мерасонем. Хоҳиш мекунем аз онҳо, ки ба мушкили корхонаи мо расидагӣ кунанд…"

Дар баробари қатъи интиқоли газ ба аҳолӣ ва афзудани қарзи аҳолӣ аз корхонаи "Қӯрғонтеппагаз", ҳамчунин мушкили дигаре ин ширкатро домангир кардааст. Ахиран идораи молиёти Хатлон суратҳисоби бонкии "Қӯрғонтеппагаз"-ро бинобар қарзи андозаш баст.

Қарзи ин ширкат аз пардохтҳои молиётӣ ҳам ба сеюним миллион сомонӣ расидааст. Ба иддаои Сафаралӣ Саидшоев, раиси нозироти андози молиётсупорандаҳои калон дар вилояти Хатлон, корхонаи "Қӯрғонтеппагаз" аз пардохти молиёт саркашӣ мекардааст.

МУШКИЛИ АНДОЗ

Аммо Маҳмуд Хоркашев, раиси "Қӯрғонтепагаз", мегӯяд, ҳоло ин корхона дар ихтиёри худ ягон сомонӣ маблағ надорад, ки ба мураххасии бемузди бемӯҳлат гусел кардани даҳҳо корманди ширкат гувоҳи чунин ҳол будааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳотамшо Саъдуллоев, масъули шӯъбаи ҳуқуқи идораи молиёти вилояти Хатлон, мегӯяд, баста шудани суратҳисоби "Қӯрғонтеппагаз" амали муассир барои ҷамъоварии андози ин ширкат набудааст. Ба гуфтаи ӯ, таҷриба нишон медиҳад, ки тавассути ҳабси амвол ё бастани суратҳисоби корхонаю хоҷагиҳо ҳамагӣ 15 то 20 дарсади қарзи молиёт ҷамъ мешудааст.

Ин ҳам дар ҳоле ки қарзи молиёт дар Хатлон болиғ аз 130 миллион сомонӣ ҳисоб мешавад. Дар зимн, ба гуфтаи ҷаноби Саъдуллоев, ҳоло корхонаи "Қӯрғонтеппагаз", ки ҳудудан сеюним миллион сомонӣ қарзи молиёт дорад, бо хатари муфлисшавӣ рӯ ба рӯ будааст.

САРНАВИШТИ "ТОҶИКАЗОТ" ТАКРОР МЕШАВАД?

,-афзуд ӯ.

"Қӯрғонтеппагаз" чандумин корхонаи азиме дар Хатлон аст, ки набуди гази табиӣ сабаби мутаваққиф гардидани фаъолияташ шудааст.

Ду сол қабл ҳамчунин ширкати тавлиди нуриҳои минералии «ТоҷикАзот» ҳам ба сабаби қатъи интиқоли гази воридаи Узбакистон аз кор бозмонда буд ва то ҳанӯз фаъол нашудааст. Ҳоло суратҳисоби «ТоҷикАзот» ҳам баста шуда, танҳо қарзи молиёти ин ширкат ба як миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Ҳотамшо Саъдуллоев

"Дар ҳолате ки истеҳсолот набошад, дар ҳоле ки корхона фаъолият накунад, кормандон бекор монанд, қарзҳо афзудан гиранд, мо тамоми вазъиятро омӯхта, ба суди иқтисодӣ пешниҳод мекунем, ки фаъолияти чунин корхонаро муфлис эълон кунад. Ҳалномаи суд, ки баромад, мо қарзҳои чунин корхонаро ба инобат намегирем. Дар мисоли корхонаи "Қӯрғонтеппагаз" ҳам ҳамин хел хатар эҳсос мешавад"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG