Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳар сол бо расидани баҳор дар ин гӯшаи ниҳоят зебои наздимарзӣ боғҳои зиёде сарсабз мешаванд.

Гулу рустании зиёди зебо сар мекашанд ва ҳамроҳ бо ин ҳама, ҷанҷолу кашмакаши тоҷику қирғизҳо, барои замину об. Ин гӯшаи ниҳоят зебо дар байни марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, аз як тарафи он вилояти Суғд аст ва аз тарафи дигар вилояти Ботканди Қирғизистон. Бо расидани баҳору фасли киштукор, аз ин вилоятҳо ҳам дар нахустин “муждаҳои баҳорӣ” аз муноқиша ва таниш ба гӯш расид.

“ШАБЕХУН”-И ҚИРҒИЗҲО БА ЧОРКӮҲ

Неъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии “Чоркӯҳ”-и ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо аламу хашм дар бораи ба гуфтаи ӯ ишғол шудани заминҳои қонунии онҳо аз тарафи қирғизҳо мегӯяд: “Шаби 17-уми март ҳамин моҳ қирғизҳо, тақрибан 400 бех зардолуе, ки тақрибан 12 сол пеш халқи мо шинондагӣ ва территория территорияи мост ва аз он ҷумла он замин барои чарогоҳи хоҷагии “Чоркӯҳ” мебошад, ҳамона решакан карда бурда ва ҳамона изаш намонад гуфта, гирифта рафтаанд”.

Аммо Тоштемир Эшалиев, раиси бахши тартибот ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҳукумати вилояти Ботканд, ки худаш дар амалиёти мазкур ҳузур доштааст, мегӯяд, ин ниҳолҳоро соли гузашта шинонидаанд ва мақомоти ҷамоати Чоркӯҳ низ барои музокирот дар мавриди ин масъала даъват шудаанд, аммо касе аз онҳо ба музокирот наомаданд ва баъзе аз сокинони маҳаллӣ худашон ҳам шоҳиди кандани ниҳолҳо будаанд: “Ин замини мо аст. Ин қитъаи замин ба қаламрави мо шомил мешавад. Сокинони Тоҷикистон сесад метр ба қаламрави мо ворид шудаанд, мо 17-уми март ҳамроҳи ҳафт ҳашт нафар ба Чоркӯҳ рафтем вале аз тарафи онҳо касе наомад. Аз ин рӯ мо ниҳолҳоро кандем ва баргаштем. Мо онҷо се соат будем. Онҳо ниҳолҳоро дар қаламрави мо шинонидаанд. Мо ҳар вақт метавонем собит кунем, ки ин қаламрави мо аст.”

“МАВСИМ”-И ҶАНҶОЛҲО

Муноқишаҳои кӯчаки ҷавонони тоҷику қирғиз дар ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар ҳар фасли баҳору тобистон ба истилоҳ расм мешавад ва инро як сокини деҳаи наздимарзии Куктош дар вилояти Ботканд эътироф мекунад: “Дар инҷо манотиқи аломатгузориношудаи марзӣ бисёр зиёд аст, аз ин рӯ мардуми ду тараф байни ҳам ихтилофи назар доранд. Ҳар сол ҷавонони тоҷику қирғиз дар фасли гарм ба ҳам дарафтода якдигарро латукӯб мекунанд ва баъзеашон ба милисахона меафтанд. “

Ба гуфтаи Ҷаниш Ҳайдаров, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҷанҷолҳои баҳорӣ ба истилоҳ оғози кор аст, тобистон низ ҷанҷолҳои худро дорад: “Ин ҳоло поёни муноқишаҳо нест, зеро ба зудӣ фасли гармо ва баҳсҳо бар сари оби обёрӣ шурӯъ мешавад. “

"МЕРОС"-И ШӮРАВӢ

Ҷанҷоли сокинони ду тарафи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари манобеъи табии аст ва дар як минтақаи сераҳолии байни ду кишвар, ки хонаи бештар аз 100 ҳазор нафар аст ва бо гузашти ду даҳсола то кунун тақсиму аломатгузорӣ нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 800 километр марз доранд ва бо вуҷуди музокиротҳои тӯлонӣ дар мавриди тақсиму аломатгузории марз ба мувофиқа нарасидаанд ва беш аз ду сол аст, ки ду тараф гуфтугӯро дар ин замина идома надодаанд. Қирғизистон бар асоси нақшаҳои дигаре мехоҳад, марз тақсиму аломатгузорӣ шавад ва Тоҷикистон бар асоси нақшаи дигаре. Ва шӯравии собиқ ҳам аз ин нақшаҳо ба ду кишвар зиёд мерос гузоштааст, ки яке аз солҳои 30 аст, дигаре аз солҳои 60.

ПАЁМАДҲОИ ДАРДНОКӢ НИЗОЪИ МАРЗӢ

Муноқишаи хунин барои манобеъи табиӣ дар миёни тоҷику қирғизҳо дар ноҳияи Исфара ҳатто дар замони шӯравӣ дар соли 1989 ба вуқӯъ пайваст, ки дар он замон се нафар кушта шуданд. Солҳои ахир муноқишаҳои кӯчаке байни сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст, аммо мардуми ду тараф то кунун аз низоъҳои оммавӣ эмин мондаанд. Аммо агар масъалаи тақсим ва аломатгузории марз ба зудӣ ҳал нашавад, ба гуфтаи Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик, муноқишаҳои маҳаллӣ барои Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар масоили сиёсии минтақа тавофуқи назар доранд ва то кунун кӯшидаанд, ҳамсояҳои хубе бошанд, паёмадҳои дардноке хоҳад дошт: “Худо накунад, ки як рӯз, ҷанҷолҳое, ки барои замину об вуҷуд доранд, барои ҳезум, барои чарогоҳ ба ҷанҷолҳои қавмӣ омада расад. Он вақт оқибаташ барои ҳарду ҷумҳурӣ хеле бад мешавад.”

Ва ин паёмад хунрезиву бесуботист, ки ду кишвари фақиру осебпазир шоҳиди он будаанд, яке шоҳиди ҷанги панҷсолаи хунини шаҳрвандӣ ва дигари шоҳиди низоъи хунини байни ӯзбаку қирғизҳо ва ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бахубӣ дарк мекунанд, ки бесуботӣ ва хунрезӣ чист?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG