Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СБП: Ҷопон ба як пасрафти кӯтоҳ дучор хоҳад шуд


Нирӯгоҳи Фукушима - рамзи бадбахтиҳои ахири Ҷопон

Нирӯгоҳи Фукушима - рамзи бадбахтиҳои ахири Ҷопон

Сандуқи байналмилалии пул(СБП) дар пайи аз сӯи Токио 309 миллиард доллар баровард шудани ҳазинаи барномаҳои рафъи авоқиби заминларза ва тсунамӣ гуфт, ин хароҷот метавонад монеъи эҳёи рушди иқтисоди Ҷопон баъд аз буҳрон шавад. Мақомоти СБП интизор доранд, ки иқтисоди Ҷопон ба пасрафти кӯтоҳмуддате рӯбарӯ шуда, сипас ба сатҳи давраи то заминларза ва ҳатто баландтар пешрафт хоҳад кард. Кен Канг, мудири СБП барои минтақаи осиёии Уқёнусия гуфт, давлати Ҷопон аз лиҳози молӣ тавони кофии расидагӣ ба чунин хароҷотро дорад ва ҳазинаи эъмори муҷаддади кишвар таъсири дарозмуддате ба тавоноиҳои молии Токио нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG