Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Яман мегӯяд, аз худ дифоъ хоҳад кард


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ савганд хӯрд, ки дар муқобили тазоҳургароне, ки истеъфои ӯро мехоҳанд, “бо тамоми васоили мумкин” аз худ дифоъ хоҳад кард. Солеҳ аз он афсарони артиш, ки ба тарафи эътирозгарон гузаштанд, даъват кард, то аъмоли “беақлона”-ро бас карда, ба мақомҳои худ баргарданд. Солеҳ, ки 32 сол боз бар Яман, аз фақиртарин кишварҳои арабӣ, ҳукумат меронад, ба мавҷи бесобиқаи эътирозҳо рӯбарӯ шуда, як генерали аршадаш ба тарафи мухолифин гузашт.
Изҳороти ахир дар ҳолест, ки нирӯҳои горди Солеҳ дирӯз дар шаҳри Мукалло бо нирӯҳои артиш, ки аз мухолифин ҳимоят мекунанд, вориди даргирӣ шуданд. Солеҳ қаблан пешниҳод кард, ки пеш аз мӯҳлат, вале баъди баргузории интихоботи парлумонӣ дар моҳи январи соли оянда тарки мақом хоҳад кард. Аммо мухолифин ин пешниҳодро “дурӯягӣ” номида, напазируфтанд.
XS
SM
MD
LG