Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои Эрон гузоришгари вижа таъйин кард


Дарвозаи зиндони "номдор"-и Эвин дар Теҳрон
Дарвозаи зиндони "номдор"-и Эвин дар Теҳрон
Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дирӯз дар Женева аз пешниҳоди таҳти ҳимояти Амрико ҷиҳати таъйини як гузоришгари вижаи ҳуқуқи башар барои Эрон ҳимоят кард. Дар 10 соли гузашта барои нахустин бор аст, ки барои як кишвари алоҳида гузоришгари вижаи СММ таъйин мешавад. Ба ин пешниҳод дар иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башар 22 кишвар раъйи мувофиқ ва танҳо 7 кишвар раъйи мухолиф доданд ва 14 узви дигари ин ниҳоди СММ аз додани раъй худдорӣ варзидаанд.
Дар гузашта аксари аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба таъсиси чунин мақом мухолифат варзида мегуфтанд, ки ин иқдом дахолати нолозим дар умури дохилии кишварҳо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG