Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми зиндони ду фаъоли мухолифин дар Беларус


Дашкевич ва Лобав дар толори мурофиа

Дашкевич ва Лобав дар толори мурофиа

Додгоҳи Беларус дар пайи як мурофиае, ки сиёсӣ унвон мешавад, ду фаъоли мухолифинро бо ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон кард. Раҳбари Ҷабҳаи ҷавонон Змитсер Дашкевич ба 2 соли зиндон ва узви як гурӯҳи сабтиномнашудаи мухолифин Эдуард Лобав ба 4 сол маҳкум шуданд. Дар ҳамин ҳол, Алес Михайлевич, рақиби собиқи раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дар интихоботи моҳи декабр, дар Ҷумҳурии Чех ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кард. Михайлевич, ки баъди эътирозҳои пасоинтихоботӣ барои 2 моҳ боздошт шуд, дар авоили моҳи март аз Беларус фирор кард. Ӯ мегӯяд, дар боздоштгоҳи КГБ Беларус шиканҷа шудааст.
XS
SM
MD
LG