Пайвандҳои дастрасӣ

Имороти Араб ба Либия 12 ҳавопаймо мефиристад


Имороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати эъзоми 12 ҳавопаймо ба ҳайъати эътилофи байналмилалии зидди режими Муаммар Қаззофӣ ризоият дод. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, ин хабарро ба ӯ валиаҳди Иморот расонд. Имороти Араб баъди Қатар дуввумин кишвари арабист, ки ба эътилофи зидди Қаззофӣ дар Либия мепайвандад. Қатар қаблан барои ширкат дар амалиёти зидди Қаззофӣ ду ҷанганда ва ду ҳавопаймои боркаш фиристода буд.
Нирӯҳои Амрико мегӯянд, тайи шабонарӯзи гузашта алайҳи нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ 14 мушаки “Томаҳавк” шиллик кардаанд.
Бино ба хабарҳо, ҳавопаймоҳои эътилоф шаби гузашта шаҳри стротежии Шабъа, воқеъ дар 800-километрии ҷануби Троблус, пойтахти Либияро бомббор карда, як ҳавопаймои Фаронса ҳавопаймои Қаззофиро дар фазои шаҳри Мисрота суқут додааст.
Даргириҳо байни нирӯҳои Қаззофӣ ва чирикиҳо барои шаҳри Аҷзабия низ идома дорад.
XS
SM
MD
LG