Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таъруфаҳояшро барои Душанбе боло бурд


Русия таъруфаҳои фурӯши нафту маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро аз 20 март 5,3 дарсад боло бурдааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи ҷорӣ шудани таъруфаҳои ҷадид қимати як тонна бензини сохти Русия барои Душанбе беш аз 250 доллар тамом хоҳад шуд. Интизор меравад, ин иқдом боиси боло рафтани қимати фурӯши бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Тоҷикистон шавад.
Таҳлилгарон мегӯянд, боло бурдани мизони таъруфаҳои маводи сӯхт як иқдоми сиёсист, то иқтисодӣ, ва ба равобити Маскаву Душанбе, ки дар асноди расмӣ шарикони стротежӣ унвон мешаванд, таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Русия соли гузашта болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон таъруфа эъмол кард.
XS
SM
MD
LG