Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, низ лимити нирӯи барқро ҷорӣ кардааст. Тавзеъи нирӯи барқ ба минтақаҳои истиқоматии Душанбе аз соати 22 то 5 субҳ қатъ карда мешавад, вале масъулини “Барқи Тоҷик” мегӯянд, муассисаҳои муҳими пойтахт бо барқ мутассил таъмин хоҳанд шуд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи Тоҷик” ба Радиои Озодӣ гуфт, иллати реҷаи махсуси тавзеъи барқ ба таври бесобиқа кам шудани маҷрои оби рӯди Вахш- манбаъи оби нирӯгоҳҳои асосии Тоҷикистон аст.
Аз авоили моҳи март дар рустоҳои Тоҷикистон ба аҳолӣ дар шабонарӯз ҳамагӣ то 2 соат барқ дода мешавад.
XS
SM
MD
LG