Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бошқирдҳо ва масъалаи ҳифзи ҳувият


Донишҷӯёни бошқирд ба нишони эътироз аз таъқиби забону фарҳанги бошқирдӣ, тазоҳурот кардаанд.

Коршиносон ин амали донишҷӯёнро санҷише барои иддаои Маскав дар мавриди ҳамгароии миллатҳову мазҳабҳои ин кишвари федералӣ ё худ иттиҳодӣ арзёбӣ мекунанд.

ОЁ ДАР РУСИЯ ҲАМЗИСТӢ ВУҶУД ДОРАД?

Дар пайи инфиҷор дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав, ки ҳаёти дастикам 37 нафарро аз байн бурда, боиси ҳамлаҳои хушунатбори миллатгароҳои рус болои қафқозиҳо ва муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ гардид, президенти Русия Димтрий Медведев дар шаҳри Уфаи ҷумҳурии Бошқирдистон ҷаласаи Шӯрои давлатиро доир намуда, баҳси гуногунфарҳангии ин кишварро дар миён гузошт.

Сарфи назар аз хавфи тавсеаи хушунатҳои Қафқози Шимолӣ дар саросари Русия, Медведев хушбиниаш аз сиёсатҳои миллии Кремлро пинҳон намекард: “Мехоҳам таъкид кунам, мо хеле хуб мефаҳмем, ки дар кишвари мо беш аз ҳар кишвари дигари олам таҷрибаи ҳамзистиву рушди муштараки қавмҳову фарҳангҳои мухталиф ҷо дорад. Онҳо ҳамдигарро ғанитар намуда, дар рӯзҳои душвортарин ва аз ҷумла рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳамдигар кӯмак мекарданд."

Дар ҳамон ҷаласае, ки 14-уми феврал барпо шуда буд, Медведев ҳамчунон, дар бораи зарурати донистани забони русӣ ва фарҳанги воҳиди Русия барои ҳар шаҳрванди ин кишвар ҳарф зад.

БУБИН ТАФОВУТИ РОҲ АЗ КУҶОСТ ТО БА КУҶО...

Шореҳи Радиои Озодӣ Роберт Коалсон бо ишора ба ноҳамоҳангӣ дар суханони Медведев ва ноҳамоҳангӣ дар ҳарфу амали зимомдорони Кремл дар муомила бо ақаллиятҳои қавмӣ менависад: “Дар даҳсолаи гузашта Медведев ва президенти собиқи Русия Владимир Путин иқдомҳои зиёдеро пиёда намуданд, ки комилан мухолифи мақоми давлати федералӣ ё худ давлати иттиҳодии Русия аст”.

Коалсон рӯйдодҳои ахири Бошқирдистонро намуна меорад, ки ба нишони эътироз аз фишорҳои Маскав болои созмонҳои миллии Бошқирдистон, сар аз 3-уми марти соли равон фаъолони Ҷумбиши ҷавонони Бошқирдистон гуруснанишинӣ эълон карданд. Онҳо талаб доштанд, ки собиқ раҳбарони ин ҷумбиш Артур Одилбоев ва Айрат Димуҳаммадов, ки ҳоло дар зиндон ҳастанд, фавран раҳо карда шаванд. Ба ин чорабинӣ тахминан 150 нафар ҳамроҳ шуд. Ҷои ёдоварист, ки 13-уми март, баъди дахолати президенти Бошқирдистон Рустам Ҳамидов, гуруснанишинӣ мутаваққиф шуд.

БОШҚИРДҲО БА ТУНДГАРОӢ АЙБДОР МЕШАВАНД

Вале рӯзи чоршанбеи 23-уми март ҷавонони фаъоли Бошқирдистон изҳор намуданд, ки тақозояшон то ҳанӯз иҷро нашудааст ва эҳтимол дар моҳи апрел, онҳо гуруснанишиниашонро аз сар гиранд.

Флорид Баҳоев, сухангӯи Ҷумбиши ҷавонони Бошқирдистон мегӯяд, хадамоти амниятӣ аз мактабҳову рӯзномаҳои бошқирдзабон зиёрат намуда, онҳоро бо вуруд ба сомонаҳои ифротӣ муттаҳам мекунанд.

Коршиносон ҳам мувофиқанд, ки дар даврони ҳукмронии раҳбари собиқи Бошқирдистон Муртазо Раҳимов, забону фарҳанги бошқирдӣ аз ҳимояи бештари мақомот бархӯрдор буданд, вале дар давоми 17 соли раёсатҷумҳурӣ, Раҳимов натавонист, як ҷомеаи солими шаҳрвандӣ ва ҳукумати ҷавобгӯи тақозоҳои мардумӣ бунёд намояд. Аз ин рӯ, имрӯз фаъолони бошқирд дар муқобили дуроҳае қарор доранд, ки яке онҳоро ба созмонҳои рӯ ба Маскав мепайвандад ва дигаре онҳоро бо таҳдиди иттиҳоми амалкардҳои ифротӣ мувоҷеҳ мекунад.

КОРШИНОС: РУСИЯ ДАВЛАТИ ИМПЕРИАЛӢ АСТ

Маҳдӣ Шарифов, корманди Пажӯҳишгоҳи Давлат ва Ҳуқуқи Академияи Улуми Русия дар як кори илмиааш навиштааст, ки дар муддати беш аз даҳ соли ахир, Русия аз як кишвари федералӣ ба давлати воҳид ё худ унитарии дорои ҳукми шадид аз боло ба поён табдил меёбад.

Ин ақидаро сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Владимир Рижков низ дастгирӣ мекунад: “Худи ҳамон идеологияе, ки Путин насб мекунад, империалӣ буда, кишварро аз байн мебарад. Амалан он империалистӣ мебошад ва ӯ мехоҳад як Русияи наверо аз боло то поин бо полиси худкомаи сиёсии шабеҳи империя бунёд менамояд. Масалан ӯ Тотористону Бошқирдистонро ҳамчун вилоятҳои ин империя арзёбӣ мекунад.”

ПАНҶАИ ОҲАНИНИ МАСКАВ

Соли 2004-ум баъди ҳамлаи даҳшатафканон болои мактаби миёнаи шаҳри Беслан, ки ҳаёти садҳо кӯдакро аз байн бурд, Путин интихоботи раҳбарони вилоятҳо ва ҷумҳуриҳои Русияро хотима бахшида, худ ба таъйини онҳо рӯ овард. Дар натиҷа имрӯз ҳар раҳбари минтақаҳои Русия, ки аз тарафи Кремл таъйин ва аз тарафи маҷлисҳои маҳаллӣ тасдиқ шудааст, ҳушу гӯш ба Маскав буда, ҳукми воқеӣ ҳам надоранд.

Шореҳи Радиои Озодӣ раёсатҷумҳурии Ҳамидов дар Бошқирдистонро намуна оварда, мегӯяд, тамоми ниҳодҳои иҷроияи ҳукумат ва аз ҷумла полис, хадамоти амният, яъне ФСБ, хадамоти андоз, додситонӣ, хадамоти маҳбасҳо ва ғайра, ибтидо аз Маскав дастур гирифта, сипас дар фикри иҷрои фармонҳои раҳбарони маҳаллӣ ба монанди Ҳамидов мешаванд.
XS
SM
MD
LG