Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилоф ба пойгоҳҳои Қаззофӣ ҳамла мебарад


Ҳавопаймои НАТО
Ҳавопаймои НАТО
Нируҳои эътилоф барои иҷрои қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар бораи ҳарими ғайрипарвози Либия ҳамла ба нируҳоли вафодор ба режими Муаммар Қаззофиро бештар мекунанд. Ҳоло масъулияти амалиётро тадриҷан нируҳои НАТО аз нируҳои Амрико бар ӯҳдаи худ мегиранд. Фармондеҳии Амрико дар Африқо мегӯяд, дар давоми 24 соати ахир ба нуқтаҳои нируҳои вафодор ба Қаззофӣ 14 мушаки Томаҳавк партоб кардаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймоҳои ғарбӣ имрӯз ба шаҳри стротегии Шабо дар 800 километрии Троблус ҳамла бурдаанд. Ҳамзамон як ҳавопаймои фаронсавӣ як ҳавопаймои ҷангии Либияро дар шаҳри Мисрата сарнагун кардааст.
XS
SM
MD
LG