Пайвандҳои дастрасӣ

"Корвони сулҳ"-и рӯҳониюни Қирғизистон ба роҳ баромад


Як гурӯҳи 22 нафарии шахсиятҳои мазҳабии Қирғизистон аз Бишкек ба шаҳрҳои ҷанубии ин кишвар ба роҳ баромадад. Ин гурӯҳро “Корвони сулҳ” ном ниҳодаанд. Ҳамаи ин рӯҳониюн дар Донишгоҳи Исломии Қирғизистон дарс мегӯянд. Онҳо бо аҳолии манотиқи ҷанубии Қирғизистон мулоқот ва бо онҳо дар бораи нақши сулҳу ваҳдат барои хушбахтӣ сӯҳбат мекунанд. Дар давоми 3 рӯз ин корвон ба шаҳрҳои Ӯшу Ҷлолобод, ба ноҳияҳои Нукату Узген ва Қаросу меравад. Тобистони соли гузашта манотиқи ҷанубии Қирғизистон саҳнаи даргириҳои қавмӣ буд.
XS
SM
MD
LG