Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибшоҳ Саидзода, аввалин довталабест, ки барои сабти ном ба унвони номзад ба вакилии МН аз ҳавзаи Сино муроҷиат кардааст.

Толибшоҳ Саидзода, ки ҳамзамон муҳаррири ҳафтаномаи "Миллат" низ мебошад, дар як гуфтугӯ бо радиои Озодӣ ин нуқтаро таъйид намуда иброз дошт, ки аризаи вай аз ҷониби комиссияи ҳавзавии сабти номи номзадҳо қабул гардидааст. Ба ин тартиб ҷаноби Саидзода ҳоло бо ҷамъоварии имзоҳои матлуб, фаъолияти худро оғоз намудааст.

Ба гуфтаи раиси комиссияи ҳавзаи Сино Абдулло Ҳабибов, то кунун ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ ва ё шахси дигаре ҷуз Толибшоҳи Саидзода муддаии номзадӣ дар ин ҳавза нашудааст.

Ин пешдастии оқои Саидзода дар ҳоле сурат мегирад, ки интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза ба иллати қатъи зудраси ваколатҳои намояндаи он дар парлумон, Шермаҳмади Шоҳиён, доир хоҳад шуд. Шермаҳмади Шоҳиён вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шудааст.

“ҲАВЗАИ ДОҒ”

Дар соли гузашта ба ҳангоми баргузории интихоботи парлумонӣ ноҳияи Сино аз ҳавзаҳои доғ дар ин маърака ба ҳисоб мерафт.

Зеро дар он баробари намояндаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Шермаҳмади Шоҳиён, раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматилло Зойиров низ муддаии курсии вакилӣ дар парлумон буд.

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, қаблан ба радиои Озодӣ гуфта буд , барои баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омодагиҳо шурӯъ шудааст. Интихобот дар ин ҳавза рӯзи 15-уми май баргузор мегардад.

Раҳбари дастгоҳи КМИР гуфта буд, комиссияи ҳавзавӣ бар пояи қонуни интихоботи кишвар бо пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ ташкил мешавад ва танҳо он аҳзобе метавонанд вориди ҳайати он бишавад, ки дар ҳудуди ин ҳавза созмонҳои ибтидоӣ дошта бошад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 21 нафари онҳо бар пояи феҳристи ҳизбӣ ва 42 вакили боқимонда дар ҳавзаҳои инфиродӣ баргузида мешаванд.

45 вакили парлумони имрӯза намояндагони ҲХДТ ҳастанд. Даҳ нафар беҳизбӣ ва дутоӣ аз аҳзоби коммунистӣ, наҳзати исломӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Интихоботи гузаштаи парлумонии Тоҷикистон аз сӯи нозирони ғарбӣ, созмонҳои байналмилалие чун Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо "ғайришаффоф ва ғайридемократӣ" арзёбӣ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG