Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро сукут дар баробари нақзи ҳуқуқи башар?


Ойниҳол Бобоназарова( акс аз бойгонии ҳафтаномаи "Миллат" гирифта шудааст.
Ойниҳол Бобоназарова( акс аз бойгонии ҳафтаномаи "Миллат" гирифта шудааст.

28 созмони ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ба СММ оиди нақзи ҳуқуқи инсон гузорише ирсол доштаанд.

Ин гузориш аз кадом дидгоҳ таҳия шудааст ва дар он аслан кадом нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нашр шудааст, барои аксарият то кунун номаълум аст. Яке аз таҳиягарони аслии ин гузориш, Созмони ҳуқуқи башари Тоҷикистон, як созмони ҷамъиятӣ будааст. Аммо масъулони ин созмон аз шарҳи ҷузъиёти ин гузориш бо далелҳои номаълум худдорӣ намуданд.

КАМБИЗОАТӢ ХУД НАҚЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН АСТ

Дар ҳамин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик ба ин пурсиш, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон чи гуна аст ва то кадом ҳадд он риоят мешавад, гуфт:

Ҷавоб: Дар давлатҳои Осиёи Миёна дар мавриди ҳуқуқи башар фикру андешаҳо гуногунанд. Масъулони давлатҳо мегӯянд, ки ҳуқуқи башар нақз намешавад, вале мо мебинем, ки дар расонаҳо аз мавриди зиёди нақзи ҳуқуқи башар сӯҳбат мешавад. Аммо бубинед, ки вақте сатҳи зиндагӣ дар ин давлатҳо дар сатҳи поин қарор дорад ва барои шаҳрвандон ҷои кору зиндагии хуб муҳаё нест, ин худ нақзи ҳуқуқи башар аст. Чунки инсон ҳамон вақт метавонад, худро ҳимоя кунад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин бошад. Нафаре, ки ҳуқуқаш поймол шудааст, бояд ба додгоҳ муроҷиат кунад ва барои ба додгоҳ муроҷиат кардан ва чанд марҳалаи додгоҳиро пушти сар кардан вақт мегузарад ва барои ин инсон бояд пул сарф кунад. Вақте гузориш мешавад, ки дар Тоҷикистон коррупсия зиёд аст, ин маънои онро дорад, ки ҳуқуқи инсонҳо дар ин миён поймол шудааст.

Инчунин мушоҳида мешавад, ки системаи судӣ дар кишвари мо мустақил нест. Аз ин рӯ, системаи судӣ низ наметавонад ба пуррагӣ ҳуқуқҳои шаҳравандонро ҳимоят кунад. Адолати судӣ нест. Далели гуфтаҳо ин аст, ки шаҳрвандон ҳамеша аз тариқи рӯзномаҳо барои барқарор намудани ҳуқуқҳояшон ба президент муроҷиат мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо аз системаи судӣ дилсард ҳастанд ва ба он бовар надоранд.

Вақте, ки давлат худро давлати иҷтимоӣ эълон медорад, бояд шаҳрвандонашро бо ҷои кор таъмин кунад, вале бубинед, ки беш аз 1 миллион ҳамватанони мо муҳоҷир ҳастанд. Ин ҳам нақзи ҳуқуқ аст. Дар зиндонҳои мо ҳам баъзан хабар мерасад, ки фишору лату кӯб ҳаст, ки ин ҳам аз нақзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Вале исбот кардани азияту фишор дар зиндонҳо хеле душвор аст, зеро дастраси ба зиндонҳо маҳдуд аст.
Барои то ҷое аз миён бурдани нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон, бояд системаи идоракуниро хуб сохт. Системаи идории хуб, системаи воқеан ва дар амал мустақили судӣ ва назорату дурнамои ҳукуматӣ, метавонад ин мушкилро рафъ кунад ва ба беҳбудии иқтисодиёт низ саҳмгузор бошад.

МАРДУМ ҲУҚУҚАШРО НАМЕДОНАД, АММО...

Суол: Аммо масъулин мегӯянд, ки сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони мо дар сатҳи поин қарор дорад, аз ин рӯ онҳо худ роҳ медиҳанд, ки ҳуқуқашон поймол шавад.

Ҷавоб: Ба ин андеша сад дар сад розӣ нестам, ҳарчанд дуруст аст, ки шаҳрвандони мо аксаран ҳуқуқҳояшонро намедонанд. Зиёд мегӯянд, ки надонистани ҳуқуқ ин ба ҳуқуқвайронкунӣ оварда мерасонад, ки ман ба ин розӣ нестам, зеро агар системаи судӣ мустақил набошад, коррупсия бошад, шумо сад ҳуқуқи худро донед ҳам, ҳимоя карда наметавонед. Мисол вақте, ки хонаҳои мардумро чаппа мекунанд, соҳибонашон мегӯянд, ки тамоми ҳуҷҷатро доранд, аммо бо қароре хонаҳои онҳоро ғайриқонунӣ дониста вайрон мекунанд. Бояд ҳамаи ин ба воситаи мурофиаҳои мустақили судӣ анҷом шавад. Суд бояд беғаразона қарор барорад, ки дар ҳақиқат ин хона ғайриқонунӣ ҳаст ё не. Бинед, ки баъзе мансабдорони мо қарорҳои мебароранд, ки ҷои қарори судиро мегирад. Ин ҳам нодуруст аст. Баъдан, чанд парвандаи нашрияҳои мустақил ҳоло дар додгоҳҳо ҳаст. Ҳар як чиновник вақте танқид мешавад, онҳо зуд нашрияҳоро ба суд медиҳанд ва пули хеле зиёд талаб мекунанд. Ҳоло он, ки бояд давлат барои расонидани ахбори шаффофу саривақтӣ ба ин нашрияҳо кӯмак кунад. Вале намекунад, лек ин газетаҳо мушкили молиявӣ доранд ва аз куҷо он маблағҳои ҷаримавиро пардохт мекунанд, номаълум аст. Созмонҳои ҳуқуқи башар бошанд, дар ин қадар мавриди нақзи ҳуқуқи башар имсол чун солҳои пеш хомӯш буданд.

СУКУТИ ҲАМЕШАГӢ

Суол: Бубинед, ки мо ба тозагӣ, яъне пас аз ироаи гузориш ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба Созмони Миллал хабар ёфтем, ки 28 созмони ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар ин кишвар фаъолият доштааст, пас чаро онҳо умуман дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон садо баланд намекунанд?

Ҷавоб: Бадбахтона аксари онҳо садо баланд намекунанд. Мисоли оддӣ, дар масъалаи оилаи Рақибовҳо, ки хонаи онҳоро ҳукумати ноҳияи Файзобод чаппа кардааст. Ӯ дар назди идораи Омбудсмен гуруснанишинӣ кард, бо зану фарзандҳояш. Аммо ягон созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ин бора садо баланд накард ва ин масъаларо пайгирӣ ҳам накарданд. Шояд ин ҷо Рақибов бегуноҳ бошанд ва ё шояд на, вале муҳим, ин ки ӯ аз нақзи ҳуқуқаш гуруснанишинӣ мекард, лек созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи Тоҷикистон ба ин масъала дахолат накарданд.

Ё бигирем, қазия судии нашрияҳоро, ки умуман ин созмонҳо ба ин масъала дахолат накарданд. Ман шахсан дар ҳеҷ масъала садо онҳоро намешунавам, вале дар охири сол мешунавам, ки дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чизе навиштаанд. Шояд ин ҳисоботи онҳо барои донорҳову ташкилотҳои байналхалқӣ хуб бошад, аммо дар дохили Тоҷикистон чӣ?

Ҳоло шумо бароед ва дар кӯча савол диҳед, ки кадом ташкилоти ҳимояи ҳуқуқи инсонро мешиносед, ҳеҷ кас намедонад. Бояд ин созмонҳо фаъол бошанд ва ба бархе мурофиаҳои судие, ки мешавад, бираванд ва иштирок кунанд, ки чӣ мегузарад. Инҳо бояд бо Васоити Ахбори Омма ҳамокории зич дошта бошанд ва назари худро дар газетаҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ, ки мардуми оддӣ аз русӣ онро хубтар мефаҳмад, бинависанду бигӯянд. Яъне, бо ҷомеа наздик бошанд. Як қисми ин созмонҳоро дар хориҷа хуб мешиносанд, вале дар Тоҷикистон на. Фикр мекунам, ки ҳисобот ҳам хуб аст, вале гап дар ин аст, ки ҳар сол ҳисобот мешаваду касе, аз ҷумла ҳукумат ҳам парвои ин ҳисоботҳо надорад. Бинобар ин хуб мешавад, ки ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи башарро ин созмонҳо пайгирӣ кунанд.

ДАВЛАТ МУСОИДАТ КУНАД

Суол: Пас ба назари Шумо ҳадаф аз фаъолият ин созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар чист, ки мо ҳеҷ садояшонро намешунавем, аммо дар поёни сол мебинем, ки ҳисоботҳои тӯлонӣ менависанду пешниҳод мекунанд?

Ҷавоб: Шояд дар ин миён бошанд созмонҳо, ки то ҳади имкон талош кунанд, вале бархеи дигар ба ҷуз ном дигар нишоне нест. Ҳатто худи ман, ки дар тамоми чорабиниҳо ширкат мекунам, рӯзномаҳоро мехонам, дар мурофиаҳои судӣ ширкат мекунам,ба ҳабсхонаҳо меравам, бисёри онҳоро надидаам ва намешиносам. Ҳар вақте, ки чизе ҳам дар мавриди ҳуқуқи инсонҳо нависам ҳам, ягон нафари онҳо бо вуҷуди даъват, ҳамоҳанг намешаванд. Мутаасифона надидам, ки онҳо ҳамрайъиву дастгирӣ кунанд.

Масалан, дар ҳамон воқеаҳои Қуштеппаву дигару дигар, ки ҳуқуқи сокинон поймол мешуд. Ба ҳар ҳол пешниҳоди ман ин аст, ки онҳо дар якҷоягӣ агар садо баланд кунанд, ки ҳуқуқи инсон вайрон мешавад, дар дохили Тоҷикистон фоидааш бештар аст, аз он ҳисобот навиштанҳо. Дар чунин сурат ҳукумат ҳам аз дохил метавонад, садои онҳоро бишнавад. Ба наздикӣ аз ман аз як ташкилоте, ки номаш Ҳуқуқи инсон аст, пурсиданд, гуфтам ки мутаасифона хабар надорам. Бадтар фаҳмидам, ки хориҷиҳо онҳоро аз ҳама бештар мешинохтаанд, назар ба мо. Албатта, ин ба фоидаи мардуми Тоҷикистон нест. Чизи дигар аст, ки давлат бояд ба ташкилотҳое, ки дар ҳақиқат ба ҳимояи ҳуқуқи инсон машғуланд, аз буҷааш пул ҷудо кунад. Ин ҷо бояд манфиати инсонҳо аз ҳама боло бошад. Агар давлат чунин кунад ва фаъолият онҳо беғаразу бетараф бошад, дигар ба грантҳо ниёз намемонад. Аммо фаъолият инҳо мисли ҳозир набошад, ки грант мегиранду ҳисобот менависанд ва дар амал ҳеҷ. Агар ҳисобот нависӣ бошад, бисёр осон аст. Дар интернет нишаста ҳазорон ҳисобот навиштан мумкин аст. Вале вақте худат меравӣ ба мурофиа ва ё бо шахси шиканҷашудаву ҳуқуқаш поймолшуда сӯҳбат мекунӣ, ин кори дигар аст. Шояд, ки нафаре, ки мегӯяд ҳуқуқаш поймол шудааст, ҳақ набошад. Муҳим ин нест. Муҳим он аст, ки бояд мо худ беғаразона ин масъаларо омӯзем ва баъдан ҳисобот нависему таҳлил кунем.

Вақте нафаре бо фарзандони худ гуруснанишинӣ мекунанд ва дар даст ҳуҷҷат доранд, ки хонаи онҳоро ғайриқонунӣ вайрон кардаанд ва то ҳол мурофиаи додгоҳиаш идома дорад, вале ба ғайр аз журналистон дигар ягон нафар аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ин бора намегӯянд. Лек дар ҳисоботҳояшон ҳатман инро қайд мекунанд, ки он ба назари ман он қадар фоида намерасонад. Бояд ин ташкилотҳо кӯмаки ҳуқуқӣ бирасонанд, адвокат таъмин кунанд, умуман коре, ки аз дасташон меояд.

Системаи адвокатураи мо ҳам он қадар мустақил нест. Агар адвокатҳои мо мустақил бошанду бо созмонҳои мо ҳамкорӣ кунанд, ин ба манфиати кор аст. Мутаасифона дар мо ин таҷриба нест, мисле, ки дар Қирғизистон ҳаст. Созмонҳои ҳуқуқи дифоъи мо ба хомӯшӣ одат кардаанд. Аммо ташкилотҳои хориҷӣ фикр мекунад, ки ин созмонҳо дар ҳақиқат кор мекунанд.

Суол: Шумо ҳам бо номи “Перспектива +” созмоне доред?

Ҷавоб: Бале, ман ҳам созмони ҷамъиятӣ дорам, аммо номаш ҳуқуқи башар нест. Як сол зиёд шуд, грант намегирам, барои гирифтан ҳам талош намекунам, вале фаъолият дорам. Самтҳои кории созмони зери роҳбарии ман каме дигар аст. Аммо бо ин вуҷуд, нафарони зиёде меоянд ва мегӯянд, ки ба мо кӯмаки ҳуқуқи расон ва мо то ҷое, ки имкон дорем, кӯмак мерасонем. Чанде онҳо ҳатто шикоят карданд, ки онҳоро ин созмонҳое, ки худро дифоъ аз ҳуқуқи башар ном мебаранд, ҳатто корафтодагонро ба ҷои корашон роҳ намедиҳанд. Бояд чунин созмонҳо шаффоф бошанд. Агар мо созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолиятамон шаффоф набошад, чи гуна ҳукуматро танқид мекунем, ки фаъолияти ҳукумат шаффоф нест. Ба ҳар ҳол ман пеш аз ҳама дар назди виҷдони худ ҳисобот медиҳам. Бо Васоити Ахбори Омма ҳамкории зич дорам ва талош мекунам, ба ҳар корафтода корашро то ҳади имкон иҷро кунам.
XS
SM
MD
LG