Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши худкушии ҷавони тоҷик дар Примореи Русия


Бино ба гузориши хабаргузории CA-NEWS аз Русия, як ҷавони 17-солаи тоҷикистонӣ дар дар Примореи ин кишвар талоши худкушӣ кардааст. Вай аз аслиҳаи травматикӣ ба синаи худ тир холӣ кардааст. Вайро ба яке аз бемористонҳои наздики шаҳр интиқол додаанд ва ҳоло вай зери муолиҷа ва назорати табибон қарор дорад. Табибон мегӯянд, баъд аз кӯмак дигар ба ҷони вай хатар вуҷуд надорад. Аз ин ҷавони тоҷикистонӣ ном бурда намешавад ва сабаби ба чунин кор даст задани вай то ҳол рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG