Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти маҳсулоти шириву гӯштии Тоҷикистон дар Перм


Матбуоти Русия хабар додааст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Перм миқдори зиёди фаровардаҳои ширӣ ва гӯштии Тоҷикистон боздошт шудааст. Бино ба хабари матбуот, 30 килограм маҳсулоти ворида ба муқаррароти беҳдоштӣ мутобиқат накардааст ва онро 21-ӯми март боздошт кардаанд. Мақомоти бедоштии Русия воридоти баъзе аз фаровардаҳои чорводориро аз Тоҷикистону Арманистон муваққатан маҳдуд кардаанд ва мегӯянд, ки дар ин кишварҳо ба сабаби густариши бемориҳои хатарнок сифати чунин маҳсулот ба муқаррароти беҳдоштӣ мутобиқ нест.
XS
SM
MD
LG