Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия воридоти ғизо аз 4 минтақаи Ҷопонро мамнӯъ кард


Имрӯз раиси Ожонси дифоъ аз ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия гуфт, ки воридоти маводи ғизоӣ аз чаҳор минтақаи Ҷопонро мамнуъ эълон кардааст. Сабаби чунин иқдом нигарониҳо аз мизони радиатсияи ниругоҳи ҳастаии Фукушима арзёбӣ мешавад. Радиатсия бо оби баҳр, шири хом ва 11 навъи сабзиҷот олуда шудааст. Амрикову Австралия воридоти маҳсулоти ширӣ ва руғаниро аз Ҷопон боздоштаанд. Канада гуфтааст, назорат бар маводи ғизоие, ки аз Ҷопон ворид мешавад, ташдид хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG